9 марти соли 2025 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҷониби кормандон ва волонтёрони филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба 800 нафар ниёзмандон кумаки озуқаворӣ тақсим карда шуданд.
Ин кумак дар доираи ҳамкориҳои башардӯстона байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корњои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудї, тақсимоти кӯмаки хайриявӣ ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон пешбинӣ гардид.
Дар умум ин кумак ба 7120 нафар оилаҳои ниёзманди ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, ноҳияи Варзоб, Восеъ, Ёвон, Сангвор, Рашт ва Балҷувон кӯмаки хайриявӣ дар шакли маводҳои озуқавории ниёзи мардум пешбинӣ гардид.
Кӯмаки мазкур барои ҳар як оила аз 50 кг орди гандумӣ, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг мош, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак, иборат мебошад.
Ин амали хайр дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои фарогир амалӣ мегардад.