Кӯмаки башардӯстона ба оилаҳои ниёзманди шаҳри Кӯлоб дар арафаи моҳи шарифи Рамазон

0
321
Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҷониби кормандон ва волонтёрони филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба 1100 нафар ниёзмандон кумаки озуқаворӣ тақсим карда шуданд.
Ин кумак дар доираи ҳамкориҳои башардӯстона байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корҳои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ амалӣ гардид. Тақсимоти кӯмаки хайриявӣ ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон пешбинӣ гардид.
Дар умум ин кумак ба 7427 нафар оилаҳои ниёзманди ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе 4127 оила, шаҳри Кӯлоб 1100 оила, шаҳри Ваҳдат 1100 оила ва ноҳияи Рӯдакӣ 1100 оила кӯмаки хайриявӣ дар шакли маводҳои хӯрока пешбинӣ гардид.
Кӯмаки мазкур барои ҳар як оила аз 50 кг орди гандумӣ, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг мош, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак, иборат мебошад.
Ин амали хайр дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои фарогир амалӣ гардиданд.