Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба 600 нафар оилаҳои ниёзманди ноҳияи Варзоб дар арафаи моҳи шарифи Рамазон кумаки ғизоӣ намуд.
Ин кӯмак барои ҳар як оила аз 50 кг орди гандумӣ, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг мош, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак, иборат буд. Зимни тақсимоти кумаки башардустона роҳбарияти ҶҲАТ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон ва ҳамчунин намояндагони Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чунин кумак дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Восеъ ва Ҷалолиддини Балхӣ низ ба ниёзмандон расонида шуданд.