Кӯмаки Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ тавассути Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

0
810

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо мақсади дастгирии оилаҳои камбизоат бо мусоидати Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба оилаҳои ниёзманди 4 шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дасти кумак дароз менамояд.

Ин кӯмак  ба 2 760 оилаҳои ниёзманди ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе 960 оила, ноҳияҳои Восеъ 700 оила, Ҷ.Балхӣ 500 оила ва Варзоб 600 оила пешбинӣ шудааст.

Кӯмаки мазкур барои ҳар як оила аз 50 кг орди гандумӣ, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг мош, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак, иборат мебошад.

Хариди тамоми маводҳои хӯрока аз ҷониби намояндагони Маркази имдод ва корњои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоњигарии Арабистони Саудӣ ва Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, тақсимоти онро ба оилаҳои ниёзманди мамлакат Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз таърихи 29 то 31 марти соли 2023 таввасути кормандон ва волонтёрони худ анҷом медиҳад.

Баҳодур Қурбониён, Котиби генералии ҶҲАТ, қайд намуд: “Бояд иттилоъ дод, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла  шахсони дорои маъюбият дошта, маризон, пиронсолони яккаву танњо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Ҷамъият ҳамеша мекўшад барои дастгирии онҳо мусоидат намояд. Ин кўмак натиҷаи вохурӣ бо намояндагони Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон ва Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Ҷамъият ва Марказ ба ҳисоб меравад”.

Ин амали хайр дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои дар боло зикргардида амалӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз шарикони боэътимоди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкории он аз соли 2016 оғоз мегардад ва дар айни замон тавассути ҶҲАТ лоиҳаи башардўстӣ ҷиҳати дастгирии 600 нафар кӯдакони ятим  бо маблағгузории ин Марказ дар шаҳру ноҳияҳои мақсадноки Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Имрӯз, 29 март, тақсимоти кумаки мазкур дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Восеъ оғоз гардид.