Кӯмак ба Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон

0
2105

Дастгирии Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ иқдомест арзанда ва муҳим дар давроне, ки ҷомеаи ҷаҳониро паҳншавии бемории коронавирс (COVID-19) фаро гирифтааст.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) аз рӯзҳои аввали пайдо шудани ин беморӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои гуногунеро оғоз намуд. Алакай аз оғози моҳи март ҶҲАТ ситоди дохилии хуро дар мубориза ба паҳншавии бемории коронавирус таъсис дода, зиёда аз 640 нафар волонтёрони омодагардидаи Ҷамъият корҳои иттилоотиву тарғиботиро ҷиҳати пешгирии ин беморӣ дар байни ҷомеа бо паҳн кардани варақаҳо оғоз намуданд. Ин амал то ҳол идома дорад.
Моҳи май Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд аз Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (UNICEF) ва Иттиҳоди Аврупо тавонист ба таври фаври 20 адад дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъиро ба 20 адад беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ пешкаш шуда буданд, тақдим намуд. Инҳо, Маркази тиббии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, Беморхонаи бемориҳои сироятии кӯдакона (Душанбе), Беморхонаи марказии шаҳри Бохтар, Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷомӣ, Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун, Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритуз, Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ, Беморхонаи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ, Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор, Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб, Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан, Беморхонаи марказии шаҳри Исфара, Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент, Беморхонаи марказии ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ, Беморхонаи онкологии шаҳри Хоруғ, Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб, Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ ва Беморхонаи марказии ноҳияи Ишкошим буданд.
Аз 5 то 15 июни соли 2020 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (UNICEF) ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин ба 153 муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон 61100 адад либосҳои муҳофизатӣ, 1478 адад айнакҳои муҳофизатӣ, 40084 адад сипари муҳофизатӣ, 470 адад ҳароратсанҷи фосилавӣ ва 35020 адад ниқобҳои намуди FFP2/N95 тақдим менамояд. Аз ин кӯмак дар шаҳри Душанбе 18, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 26, вилояти Суғд 36, вилояти Хатлон 50, ВМКБ 16 ва 7 муассисаҳои тиббии назди Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бархурдор шуда, дар маҷмуъ 137 муассисаи тиббиро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки 3 июни соли 2020 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари давлати Қувайт ҷиҳати дастгирии беморхонаҳои ҷумҳурӣ ва кормандони тиб ба 12 муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ кӯмак намуда буд. Қумаки мазкур аз 1000 бастаҳои гигении иборат аз сачоқ, собун, хокаи ҷомашӯӣ, хокаи безараргардонӣ, собуни моеъ, шампун, дезинфектант, маводҳои гигиенаи шахсӣ, бастаи селофанӣ, коғази ташноб ва ғайраҳо иборат буданд. Ин маводҳо ба Маркази миллии тибии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш”, Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, Маркази тиббии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, Пажуишгоҳи гастроэнтрологии ҶТ, Беморхонаи бемориҳои сироятии кӯдакона, Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ, Госпитали ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ, Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пуст ва Муассисаҳои тандурустии ноҳияи Айнии вилояти Суғд ирсол карда шуда буданд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон яке аз калонтарин ташкилотҳои башардӯстӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 1927 ташкил ёфтааст. ҶҲАТ дар саросари кишвар фаъолияти башардӯстонаи худро тавассути 69 (шасту нӯҳ) бахшҳои худ дар сатҳи ноҳия, шаҳр, минтақа ва вилоят бо назардошти дафтари асосии худ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии шабакаи бузурги волонтёрони худ ҷиҳати расонидани кӯмак ба ниёзмандон пеш мебарад. Ҷамъият дар ироаи ёрии башардӯстона ба қурбониёни офатҳои табиӣ, ҷустуҷӯи афроди бедаракшуда, аёдати пиронсолони яккаву танҳо, иттилонокии аҳолӣ оид ба бемориҳои сироятӣ, росонидани ёрии аввали то духтурӣ нақши калидӣ бозида, дар омодагӣ ва вокуниши саривақтӣ ба офатҳо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 5 июни соли 2020