Ҳафтаи гузашта, яъне аз 26 сентябр то 02 октябри соли 2022 аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ ва дастгирии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар якқатор деҳаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара, ки бар асари муноқишаҳои байнисарҳадии Тоқикистону Қирғизистон осеб бардошта буданд, корҳои баҳогузорӣ ва кӯмакрасонӣ ба аҳолии зарардида, расонида шуданд.
Ин чорабиниҳо дар якчанд деҳаҳои осебдидаи ҷамоатҳои Чоркуҳ, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғаффурови вилояти Суғд барпо гардиданд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони ҶҲАТ ба мардум оид ба пешгирӣ аз хатари лавозимоти нотаркида корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.