Аз 28 то 30 ноябри соли 2024, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Салиби Сурхи Швейтсария ба 120 оилаи осебдида дар ноҳияҳои Нуробод ва Рашт кӯмаки нақдӣ расонид.
Ба ҳар як оила вобаста ба дараҷаи зарари расида, аз 1000 то 1550 сомонӣ ҷудо карда шуд. Ин ташаббус нишонаи садоқати мо ба дастгирии ҷомеаҳои осебпазир дар барқарорсозии зиндагии онҳо мебошад.
#КӯмакиНақдӣ #МуборизаБарЗиддиОфатҳоиТабиӣ #ҲилолиАҳмар