Кӯмаки озуқавории Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ниёзмандони ноҳияи Ёвон

0
79

Дар моҳи шарифи Рамазон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар якқатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ниёзмандон, аз қабили ятимон, маъюбон, беморон ва дигар табақаҳои ниёзманди кишвар кӯмаки хайриявӣ менамояд.

Дар ноҳияи Ёвон низ аз ҷониби кормандон ва волонтёрони филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ба 300 нафар ниёзмандон кумаки озуқаворӣ расонида шуд.

Ин кумак бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ пешбинӣ гардида, аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тақсим карда шуд.

Кӯмаки мазкур барои ҳар як оила аз 50 кг орди гандумӣ, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг мош, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак, иборат мебошад.