Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои расонидани кумак ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аввалиндараҷа, аз кӯмаки иҷтимоӣ ва равонӣ ба афроди гирифтори вазъи душвори зиндагӣ дар саросари кишвар пайваста талош мекунад.
Дар саросари кишвар дар доираи лоиҳаи USAID ба шахсони гирифтори бемории сил ва хешовандони наздики онҳо ёрии равонӣ расонида мешавад.
Инчунин дар доираи лоиҳаҳои дигар ба кӯдакони ятим, занҳои танҳои дар ҳолати вазнини зиндагӣ қарордошта, гирифторони ВНМО ва ғайра ёрии равонӣ расонида мешавад.
Дар давраи пандемияи COVID-19 ҶҲАТ дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон телефони боварӣ барои дастгирии равонии аҳолӣ ба кор андохт. Инчунин ба 100 нафар кормандони соҳаи тиб аз ҳисоби табибон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони озмоишгоҳҳои тиббӣ ва ғайраҳо ёрии равонӣ расонида шуд.