Кӯмаки ғайриозуқавории Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба зарардидагини муноқишаҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд

0
835

Имрӯзҳо бо дастгирии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ ба аҳолии зарардида аз муноқишаҳои байнисарҳадии Тоқикистону Қирғизистон дар вилояти Суғд кӯмаки ғайри озуқаворӣ расонида мешаванд.
Алакай ин кӯмак ба сокинони зарардидаи деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати деҳоти Зумрад, деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳ, деҳаи Боғистони ҷамоати деҳоти Боғистон, деҳаи Лаккони ҷамоати деҳоти Лаккон, деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Кӯлканд ва ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳи Исфара тақсим карда шуданд.