22 июни соли 2023 дар чорчуби лоиҳаи “Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ ЕСНО-РРР”, ки беш аз як сол аст бо дастгирии молиявии Сарраёсати дафтари башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо (DG-ECHO) ва шарикони Ҳаракати Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар – Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Салиби Сурхи Олмон, Салиби Сурхи Финляндия ва Салиби Сурхи Итолиё аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) амалӣ шуда истодааст, кӯмаки башардӯстонаи зерин ба 317 оилаи муоҳоҷирини афғон дар шаҳри Ваҳдат тақсим карда шуд:
- Бастаи хӯрока: (50 кг орди гандумӣ, 5 литр равғани растанӣ, 5 кг биринҷ ва 5 кг шакар).
- Бастаи ғайрихӯрока: (каструл бо сарпӯш, 10 литр).
- Бастаи гигиенӣ: (иборат аз 18 номгӯй)
Ҳадафи асосии расонидани ин кӯмак беҳтар намудани вазъи зиндагии муҳҷирони афғон мебошад, ки онҳо дар натиҷаи нооромиҳо аз кишвари хеш фирорӣ шудаанд.
Ҳамзамон, мувофиқи талаботи механизми ҷалби ҷомеа масъулият аз ҷониби мутахассиси лоиҳа доир ба масоили ҷомеа бо ҳар нафари 7-ми баҳрагиранда мусоҳиба гузаронида шуда, пурсиши (таҳқиқоти хурди) “Exit Survey”-и пас аз дарёфти кӯмакҳои башардӯстона гузаронида шуд ва ба ҳар як баҳрагиранда маълумоти масъалаҳои ҷалби ҷомеъа ва масъулият дар шакли варақаи флайер супорида шуд.
Тибқи нақшаи кории лоиҳа тақсимоти чунин кӯмак дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ низ дар рӯзҳои наздик дар назар дошта шудааст.