Кӯмаки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманди ноҳияи Восеъ

0
43

10-11 марти соли 2025 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз ҷониби кормандон ва волонтёрони филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба 800 нафар ниёзмандон кумаки озуқаворӣ тақсим карда шуданд.

Ин кумак дар доираи ҳамкориҳои башардӯстона байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корњои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудї, тақсимоти кӯмаки хайриявӣ ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон  пешбинӣ гардид.

Кӯмаки мазкур барои ҳар як оила аз 50 кг орди гандумӣ, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг мош, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак, иборат мебошад.

Ин амали хайр дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ амалӣ гардид.