Кӯмаки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба осебдидагони офати табии Хуросон ва Ваҳдат

0
1904

Оқибатҳои сели рӯзҳои 14-15 майи соли 2020 ба хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони як қатор минтақаҳои кишвар зарар расонид. Аз ин офати табиӣ асосан 338 хоҷагӣ дар ноҳияи Хуросон ва 6 хоҷагӣ дар шаҳри Ваҳдат осеби зиёд бардоштанд.
Аз ҷумла, дар қаламрави ноҳияи Хуросон офати табиӣ ба хонаҳои истиқоматӣ зарар расонида, ба аҳолии маҳалӣ ҳисороти калон овард.
Бо назардошти вазъ, ҶҲАТ расман ба Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар муроҷиат намуд.
Дар натиҷа лоиҳаи Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (DREF) тасдиқ гардид ва маблағҳои ҷудогардида аз ин Бунёд ва қисман аз захираҳои дохилии ҶҲАТ барои дастрас намудани маводҳои ғайрихӯрока ба 338 оилаҳои осебдидаи ноҳияи Хуросон ва 6 оилаҳои осебдидаи шаҳри Ваҳдат, яъне дар маҷмӯъ ба 344 пешбинӣ гаштанд.
Ин кӯмак аз 344 бастаҳои маводҳои ғайри хӯрокворӣ, аз лиҳози бистар, болишт, кампал, рахти хоб, бел, каланд, сатили пластикӣ, рӯйпуши пластикӣ, 344 бастаҳои маводҳои ошхона, аз лиҳози дег, кафлез, обгардон (черпак), косаи калон, косаи хурд, қошуқ, чангак, дӯлча, ҷом ва 344 бастаҳои гигиенӣ, аз лиҳози сачоқ, собун, хамираи дандоншӯӣ, чӯткаи дандоншӯӣ, хокаи ҷомашӯӣ, хокаи безараргардонӣ, собуни моеъ, шампун, дезинфектант, маводҳои гигиенаи шахсии занона, уребча, собуни хоҷагӣ, бастаи селофанӣ, қоғази ташноб ва ғайраҳо иборатанд.
Дар доираи кӯмакҳои мазкур, ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар дидаанд ва ё манзилҳои истиқоматиашонро аз даст додаанд, инчунин оилаҳое, ки саробонашон зан, шахсони пиронсол, кӯдакони хурдсол ва оилаҳое, ки бо дастгириҳои дигар ниҳодҳои дахлдор фаро гирифта нашудаанд, кӯмак расонида мешавад.
Тамоми раванди қабул, интиқол, дастрас ва тақсим намудани кӯмаки мазкур бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, мувофиқа карда шудааст.
Санаи 2 июни соли 2020, дар марҳилаи аввали тақсимоти кӯмаки мазкур ба 260 оилаҳои аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Хуросон, тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи Комиссияи дахлдори давлатӣ маводҳои ғайрихӯрока дастрас карда шуд. Марҳилаи дуюми тақсимот фарогирии боз 78 оилаҳои ниёзманди ноҳияи мазкурро дар бар мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки дар рафти тақсимоти кӯмаки башардӯстона, Раиси вилояти Хатлон, мӯҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба маҳали тақсимот ташриф оварда, бо мардуми зарардида суҳбати озод намуда, ба кормандону волонтёрони ҶҲАТ миннатдорӣ хешро иброз намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур ба 72 оилаҳои осебдидае, ки манзилҳояшон пурра зарар дидаанд, дастрас намудани кӯмакпулии яквақтина ба миқдори 150 франки швейтсарӣ (тибқи қурби расмии Бонки милии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ дар санаи пардохт) пешбинӣ карда шудааст.
Санаи 2 июни соли 2020, ҶҲАТ инчунин ба 6 оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи кӯчаи Ғалабаи маркази шаҳри Ваҳдат маводҳои ғайрихӯрока дастрас намуд, ки дар рафти тақсимоти он намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон минбаъд низ кӯшиш менамояд, ки фаъолияти худро пайваста ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона сохта, ҳамеша вобаста ба дастгирии табақаи ниёзмандон саҳмгузор бошад.

Бояд қайд намуд, ки Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда (Disaster Relief Emergency Fund (DREF) бунёдест, ки соли 1985 аз ҷониби ФБҶ СС ва ҲА ҷиҳати пуштибонии сареъи молӣ аз вокунишҳои изтирории Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба ҳолатҳои фавқулода ташкил шудааст.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон яке аз калонтарин ташкилотҳои башардӯстӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 1927 ташкил ёфтааст. ҶҲАТ дар саросари кишвар фаъолияти башардӯстонаи худро тавассути 69 (шасту нӯҳ) бахшҳои худ дар сатҳи ноҳия, шаҳр, минтақа ва вилоят бо назардошти дафтари асосии худ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии шабакаи бузурги волонтёрони худ ҷиҳати расонидани кӯмак ба ниёзмандон пеш мебарад. Ҷамъият дар ироаи ёрии башардӯстона ба қурбониёни офатҳои табиӣ, ҷустуҷӯи афроди бедаракшуда, аёдати пиронсолони яккаву танҳо, иттилонокии аҳолӣ оид ба бемориҳои сироятӣ, росонидани ёрии аввали то духтурӣ нақши калидӣ бозида, дар омодагӣ ва вокуниши саривақтӣ ба офатҳо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.

                                                                                             Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 3 июни соли 2020