Кӯмак Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Мактаб-Интернатҳои ш.Душанбе

0
1892

15 ноябри соли 2019 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бахшида ба Рӯзи Президенти Љумњурии Тољикистон иқдоми хайриявиро ҷиҳати дастгирии ниёзмандони кишвар дар 5 парваришгоҳи шаҳри Душанбе, аз ҷумла хонаҳои  кӯдакони №1-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Мактаб-интернатњои №1, №2, №3 ва №4-и Раёсати маорифи шаҳри Душанбе амалӣ намуд.

Ин кӯмакҳо дар мувофиќа ба Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе ва роҳбарияти парваришгоҳҳои зикршуда роҳандозӣ гардида, аз ҷониби Љамъияти Ҳилоли Аҳмари Тољикистон тавассути ихтиёриёни он ба ин ниёзмандон дастрас ва тақсим карда шуданд.

Дар маҷмӯъ кӯмакҳои пешниҳодшуда аз 330 адад либосњои зимистона, 600 адад кампал (одеяло) ва 134 адад гармкунаки барќи иборат мебошад.

Қобили зикр аст, ки ҶҲАТ соли ҷорӣ якчанд кӯмакҳоро ба ниёзмандони кишвар интиқол додааст. Аз ҷумла, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, идњои Рамазон ва Ќурбон кӯмак расонида шуд. Кӯмакҳои мазкур аз маводњои хўрокворї ва ѓайри хўрокворї иборат буда, ба ба 10 800 (дањ њазору њашсад) нафар ниёзмандони шањру ноњияњои Ҷумњурии Тољикистон расонида шуд.