Кӯмаки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе

0
78

19 феврали соли 2025 бо мақсади  дастгирии оилаҳои ниёзманди мамлакат, дар доираи ҳамкориҳои башардӯстона байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва Маркази имдод ва корњои башардўстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудї, тақсимоти кӯмаки хайриявї ба 100 нафар оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе амалӣ гардид.

Кӯмаки мазкур барои ҳар як оила аз 50 кг орди гандумӣ, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг мош, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак, иборат мебошад.

Хариди тамоми маводҳои хӯрока аз ҷониби намояндагони Маркази имдод ва корњои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоњигарии Арабистони Саудї амалӣ карда шуда, тақсимоти он ба 100 нафар оилаҳои ниёзманди 4 ноҳияҳои шаҳри Душанбе тавассути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ анҷом дода шуд.

Дар ҷараёни тақсимот сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Маркази имдод ва корњои башардўстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудї, котиби генералии ҶҲАТ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки Маркази имдод ва корњои башардӯстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз шарикони боэътимоди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкории он аз соли 2016 оғоз мегардад ва дар айни замон тавассути ҶҲАТ лоиҳаи башардӯстӣ ҷиҳати дастгирии ятимон бо маблағгузории ин Марказ дар шаҳру ноҳияҳои мақсадноки Ҷумҷурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.