15 ноябри соли 2019 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми хайриявиро ҷиҳати дастгирии ниёзмандони кишвар дар 5 парваришгоҳи шаҳри Душанбе, аз ҷумла хонаҳои кӯдакони №1-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Мактаб-интернатҳои №1, №2, №3 ва №4-и Раёсати маорифи шаҳри Душанбе амалӣ намуд.
Ин кӯмакҳо дар мувофиқа ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарияти парваришгоҳҳои зикршуда роҳандозӣ гардида, аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тавассути ихтиёриёни он ба ин ниёзмандон дастрас ва тақсим карда шуданд.
Дар маҷмӯъ кӯмакҳои пешниҳодшуда аз 330 адад либосҳои зимистона, 600 адад кампал (одеяло) ва 134 адад гармкунаки барқи иборат мебошад.
Қобили зикр аст, ки ҶҲАТ соли ҷорӣ якчанд кӯмакҳоро ба ниёзмандони кишвар интиқол додааст. Аз ҷумла, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, идҳои Рамазон ва Қурбон кӯмак расонида шуд. Кӯмакҳои мазкур аз маводҳои хўрокворӣ ва ғайри хўрокворӣ иборат буда, ба ба 10 800 (даҳ ҳазору ҳашсад) нафар ниёзмандони шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд.