Лоиҳаи “Мустаҳкамкунии иқтидори маҳалҳои осебпазир тавассути чораҳои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳи маҳал дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ” аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Созмони миллаи муттаҳид оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ (КХОТ СММ) ва Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои салиби сурх ва ҳилоли аҳмар (Федератсия) дастгирӣ меёбад. Лоиҳаи мазкур ба муддати як сол дар 10 маҳалҳои зери офати табиӣ қарордоштаи ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Рашт ва шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор амалӣ мегардад.
Мувофиқи лоиҳаи мазкур, як қатор фаъолиятҳо дар муддати моҳҳои январ то майи соли 2021 дар маҳалҳои мазкури ноҳияҳо ва шаҳрҳои дар боло зикршуда ба анҷом расонида шуд. Оғоз аз 19 январ то 12 феврали соли 2021 дар тамоми 10 маҳалҳои фарогир омӯзишҳо дар мавзуи коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва расонидани ёрии аввали то духтурӣ барои 200 аъзоёни кумитаҳои маҳал гузаронида шуд.
Пас аз омузиши аъзоёни КМ оид ба ҲФ, аз 29 март то 1 апрели соли 2021, дар ҳамаи 10 маҳалҳои фарогири лоиҳа “Таҳқиқоти осебпазирӣ ва иқтидор” (Vulnerability and Capacity Assessment) гузаронида шуд. Дар ҷараёни гузаронидани ин фаъолият, дар ҳар як маҳалҳои осебпазири лоиҳа фаъолиятҳои митигатсионӣ дида баромада шуд. Дар умум, ҳамагӣ 10 лоиҳаи митигатсионӣ бори дигар дида баромада шуд, ки асосан аз корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза намудани селроҳаҳо, сохтмони купрукҳо ва роҳҳои дохили деҳаҳо иборат мебошад.
Дар ҷараёни омузишҳо котиби иҷроияи бахшҳои ҶҲАТ, намояндагони ситодҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва раисони маҳаллаҳо фаъолона иштирок намуданд.
Фаъолиятҳои лоиҳаи мазкур инчунин дар мактабҳои ҳар як деҳаи осебпазир давом дорад.
Мувофиқи нақшаи лоиҳа, дар муддати моҳҳои июн ва июли соли ҷорӣ дар тамоми маҳалҳо лоиҳаҳои хурди митигатсионӣ оғоз мегардад.