Cанаи 31-уми октябри соли 2020 бо ташаббуси Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд чорабинии варзишӣ-марафони дучархаронӣ баргузор гардид. Он дар Муассисаи давлатии “Варзишгоҳи ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки зиёда аз 50 нафар дӯстдорони ин навъи варзиш, аз ҷумла 9 нафар духтарону бонувон ва 41 нафар ҷавонписарону мардон сурат гирифт.
Сараввал Котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода оид ба ҳадафи баргузории чорабинӣ сухан карда, гуфт, ки марафони дучархаронӣ тибқи Нақшаи кории Бахши вилоятии ҶҲАТ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим доир мегардад. Зеро, варзиш гарави саломатӣ буда, баҳри пешгирӣ намудани инсоният аз ҳама гуна бемориҳо, бахусус бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 мусоидат менамояд.
Ҳамин тавр, марафони дучархаронӣ оғоз гардид ва дар ниҳоят ғолибони мусобиқа муайян ва қадршиносӣ карда шуданд. Хонандаи синфи 11-уми Мактаби хусусии “Амид” Махсум Ҷалолов ҷойи 1, донишҷӯи курси 1 Дамир Қаҳҳоров ҷойи 2 ва хонандаи синфи 11-уми Мактаби хусусии “Гёте” Саидҷон Бобоҷонов ҷойи 3-юмро ишғол намуданд.
Ғолибон аз ҷониби ташаббускорони чорабинӣ бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Барои хубу хотирмон ташкил ва гузаронидани Марафони дучархаронӣ ба Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд ин навбат шарикону ҳамкорон, аз ҷумла Маркази вилоятии Ташаккули тарзи ҳаёти солим, Ширкати мобилии “Тселл”, Маркази таълимии “Сириус” ва Толори занонаи “Н-Фит” мусоидат намуданд.
Исломҷон Бобоев