Маросими тақдими маводҳои тиббӣ барои паноҳандагони афғон

0
1720

22 декабр, дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) маросими тақдими маводҳои тиббӣ барои гурезагон ва паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Маводҳои тиббӣ фарогирӣ 60 номгӯй, аз қабили дорувориҳо, андитеприсантҳо, маводи дӯхт, сузандору бо ҳазмҳои гуногун, бандажҳои эластикӣ, тоскулоҳҳои муҳофизатӣ, маводи муҳофизатӣ аз нурҳои рентгенӣ, маҷмӯъ барои гирифтани хун ва ғайраҳо мебошанд.

Кумаки мазкур аз ҷониби Бунёди амрикоии «Americares» тавассути Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии (ТҶХ) «Авасто» ба ҶҲАТ барои гурезагон ва паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон расонида шуда, маблағи умумии он беш аз 1 миллиону 256 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Маводҳои тиббӣ шурӯъ аз моҳи январи соли 2022 аз ҷониби ҶҲАТ ба беморхонаҳои марбута тақсим карда мешаванд.

Дар маросими тақдими маводҳои тиббӣ Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), Сафири некӯирода оид ба саратони ғадуди ширӣ Хайринисо Юсуфӣ, Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар, муовини Раиси ТҶХ «Авасто» Ҳилола Қаҳҳорова, намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, воситаҳои ахбори омма ва кормандони ҶҲАТ иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ Котиби генералии ҶҲАТ Баҳодур Қурбониён меҳмононро хайрамақдам гуфта, тазаккур дод, ки масъалаи Афғонистон ва кумак ба гурезагону паноҳандагони афғон дар мадди таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Баҳодур Қурбониён аз ҷумла зикр намуд, ки Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, ба ин масъала махсус таваҷҷуҳ зоҳир карда, чунин иброз доштанд: «Имрӯз Афғонистон, мутаассифона, гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ мебошад, ки метавонад оқибатҳои ҷиддии дарозмуддатро ба бор оварад. Дар робита ба ин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон расонидани кумакҳои башарии мақсаднокро амри зарурӣ медонем».

Котиби генералии ҶҲАТ дар идома ба ТҶХ «Авасто» барои кумаки мазкур изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо шарикон амали намудани чунин иқдомҳоро идома хоҳанд дод.

Муовини Раиси ҲХДТ, Сафири некӯирода оид ба саратони ғадуди ширӣ Хайринисо Юсуфӣ дар навбати худ дар бораи робитаҳои ногусастанӣ, қаробат ва фарҳангу забони мардуми тоҷику афғон сухан гуфта, роҳандозии ин иқдомро дар партави Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ саривақтӣ ва сазовори таҳсин хонд.

Зеро, ба гуфтаи Х. Юсуфӣ, дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки дар доираи имкон барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намояд.

«Иқдомҳое, ки ҶҲАТ дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманд, аз ҷумла гурезагону паноҳандагон мекунад, нишона аз пуштибонӣ ва пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии Ҳукумат, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад», – гуфт ӯ.

Сафири Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҶҲАТ барои таваҷҷуҳ ва кумак ба гурезагону паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар идома Сафири Афғонистон тазаккур дод, ки мардуми тоҷик бояд хушҳол бошанд, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шароити мусоидро фароҳам овардаанд.