Марҳилаи дуюми тақсимоти кӯмаки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

0
1666

Санаи 20 июни соли 2020, дар марҳилаи дуюми тақсимоти кӯмаки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тибқи нақшаи кории Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (DREF) ба 78 оилаҳои аз офати табиӣ осебдида ва ниёзманди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи роҳбарияти ноҳияи мазкур маводҳои ғайрихӯрока дастрас карда шуд.
Ин кўмак аз лињози бистар, кампал, болишт, рахти хоб, бел, каланд, сатил, рӯйпуши пластикӣ, маводҳои ошхона ва гигиенӣ иборат мебошад.
Тамоми раванди қабул, интиқол, дастрас ва тақсим намудани кӯмаки мазкур бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон мувофиқа карда шудааст.
Ҳамзамон, 8 адад банери (овезаҳои) иттилоотӣ дар ҷойҳои ҷамъиятии деҳаҳои мақсадноки лоиҳа бо назардошти нуқтаи тақсимот насб карда шуда, 5 000 нусха маводҳои иттилоотӣ дар мавзӯҳои қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва беҳдоштии оби нушокӣ ба оилаҳои зарардида тақсим карда шуд.
Дар чаҳорчӯбаи фаъолияти мазкур, ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар диданду манзилҳои истиқоматияшонро аз даст доданд, оилаҳое, ки саробонашон зан, солхӯрдаҳо, кӯдакони хурдсол ва ҳамчунин, оилаҳое, ки бо ёриҳои ниҳодҳои дигар фаро гирифта нашудаанд, ёрӣ расонида шуд.

 Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 22 июни соли 2020