Машварат барои таҳлил ва арзёбии Ҳуқуқи байналмилалии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода (IDRL) дар Тоҷикистон

0
34

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) барои машварати кӯтоҳмуддат бо мақсади гузаронидани харитасозӣ, таҳлили мукаммал ва арзёбии қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи Ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода (IDRL) даъват мекунад.

Вазифаҳои асосӣ:

  • Гузаронидани таҳлил ва харитасозии қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки ба вокуниши байналмилалӣ ба ҳолатҳои фавқулода дахл доранд;
  • Таҳияи тавсияҳо барои такмили чаҳорчӯби қонунгузории Тоҷикистон мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии IDRL;
  • Омода намудани ҳисоботҳо, презентатсияҳо ва тавсияҳои амалӣ барои ҷонибҳои манфиатдор;
  • Иштирок дар семинарҳо ва муҳокимаҳо бо ҷонибҳои дахлдор;
  • Барои дигар вазифаҳо ба Шартҳои техникии (TоR) замимашуда нигаред.

Мӯҳлат:
Аз январ то марти соли 2025, бо натиҷаи кор асос ёфтааст.

Талабот:

  • Дараҷаи олӣ дар соҳаи ҳуқуқ, муносибатҳои байналмилалӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулода ё соҳаи марбут;
  • Ҳадди аққал 5 сол таҷриба дар таҳқиқоти ҳуқуқӣ, хусусан дар соҳаи ҲБВҲФ (IDRL) ё ҳуқуқи башардӯстона;
  • Фаҳмиши амиқи чаҳорчӯби қонунгузории Тоҷикистон ва малакаҳои таҳлилӣ;
  • Қобилияти ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор ва иҷрои корҳо дар мӯҳлатҳои муайяншуда;
  • Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

Талаботҳои иловагӣ:

  • Шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мешаванд;
  • Таҷриба дар таҳқиқоти идоракунии хатари офатҳо ва дастгирии ислоҳоти қонунгузорӣ;
  • Дониши хуби забони англисӣ.

Ҳуҷҷатҳои лозима:

Хоҳишмандон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

  • Мактуби ибрози хоҳишмандӣ;
  • Тарҷумаи ҳол (CV);
  • Намунаи кори хаттӣ, ки малакаҳо дар таҳқиқоти ҳуқуқиро нишон медиҳад;
  • Тафсилоти тамоси на камтар аз се шахси тавсиядиҳандаи касбӣ;
  • Пешниҳоди техникӣ, ки методология ва нақшаи корро тавсиф мекунад.

Тафсилот барои супоридани ҳуҷҷат:
Аризаҳо бояд то 15 январи соли 2025 ба суроғаҳои почтаи электронии зер ирсол карда шаванд:

  • Алишер Сиддиқ (alisher.sdv@gmail.com)
  • Шуҳрат Сангов (sshukhrat@mail.ru)

Сатри мавзӯъ: IDRL Consultancy

Танҳо номзадҳои интихобшуда барои муҳокимаи минбаъда даъват карда мешаванд.
Барои маълумоти муфассал дар бораи талаботҳо ва натиҷаҳо ба Шартҳои техникии (TоR) замимашуда нигаред.

Вақт: 3 моҳ (Январ 2025 – Март 2025, дар асоси натиҷаи кор)

  1. Замина

Дар соли 2023 Тоҷикистон дар рӯйхати Индекси хатари Ҷаҳон (Work Risk Index ) дар байни 193 кишвари ҷаҳон дар ҷои 140-ум қарор гирифт, ки “паст” арзёбӣ мешавад. Гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании (КҲФваМГ) назди ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 дар муқоиса бо соли гузашта андаке коҳиш ёфтани офатҳои табиӣ дар Тоҷикистонро нишон медиҳад. Офатҳои маъмул дар кишвар обхезӣ, сел, тарма, хушксолӣ ва заминҷунбӣ мебошанд. Дар ҳоле ки рейтинги умумии хатарҳо чандон баланд нестанд, чунин хатарҳо ба рушди устувори Тоҷикистон таъсири зиёд расонидаанд. Талафоти моддӣ ва ҷонӣ аз офатҳои табиӣ, тавре ки гузоришҳои ахири КҲФваМГ нишон медиҳанд, рӯ ба афзоиш дорад ва то он даме, ки чораҳои дахлдор оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ амалӣ нашаванд, онҳо зиёдтар хоҳанд шуд. Як қисми чунин тадбирҳо омодагии ҳуқуқӣ ба офатҳои табиӣ мебошад. Вақте, ки меъёрҳои дуруст амал мекунанд, ки ҳуқуқ, масъулият ва механизми ҳамоҳангсозиро ҳангоми офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода муайян кардаанд, он ба пешгирии зарар ва вокуниши муассири офатҳои табиӣ мусоидат мекунад.

Аз соли 2003 инҷониб Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Ҷамъиятҳои миллӣ дар саросари ҷаҳон барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии идоракунии офатҳои табиӣ бо ҳукуматҳо ҳамкорӣ мекунанд. Барои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) масоили қонунгузорӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дар радифи фаъолиятҳои мубрам қарор гирифтаанд. ҶҲАТ тавассути таҳқиқ ва омӯзиши қонунгузорӣ доир ба идоракунии офатҳои табиии Тоҷикистон ҳадаф дорад, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти умумӣ оид ба заминаҳои ҳуқуқии он оид ба идоракунии хатарҳои офатҳо, инчунин маҷмӯи тавсияҳо оид ба таҳкими ин заминаи ҳуқуқӣ пешкаш кунад. Дар доираи Соли дуюми барномаи ECHO-PP, ҶҲАТ баррасии васеъи қонунгузории Тоҷикистонро дар чор самти ҳуқуқи ҳолатҳои фавқулода (Ҳуқуқи байналмилалии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода (IDRL), Паст кардани хатари офатҳо (DRR), Омодагӣ ва вокуниш ба ба офатҳо (DPR), Қонунгузории ҳолатҳои фавқулодаи саломатии аҳолӣ (PHEL)), ки дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мешавад, оғоз намуд. ҶҲАТ тасмим гирифтааст, ки Ҳуқуқи байналмилалии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаро (IDRL) муфассал таҳқиқ намояд ва тавсияҳои асоснокро барои такмили қонунгузории кӯмакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ба ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

  1. Натиҷаҳои машварат

Тамоми натиҷаҳои машварати мазкур бо забони тоҷикӣ пешниҳод боянд шаванд. Натиҷаҳои асосии зерин пешниҳод бояд шаванд:

  1. Ҳисоботи ибтидоӣ, ки чаҳорчӯба ва методологияи тадқиқотро дар бар мегирад. Он бояд дар бар гирад:
  • Методологияи тадқиқот.
  • Қолаб (шаблон)-и тадқиқот барои харитасозии ҳуқуқии ҳуқуқи байналмилалии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода (IDRL) дар Тоҷикистон. ҶҲАТ ба мушовир корҳои тадқиқотии ҳуқуқии ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистонро, ки қаблан омодашудаанд ва Ҳисоботи минтақавии Ҳуқуқи байналмилалии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода (IDRL) дар Осиёи Марказиро дастрас мекунад. Қолаб бояд бар асоси ин тадқиқотҳои пешин таҳия шуда, камбудиҳо ва соҳаҳои омӯхтанашударо, аз қабили санадҳои зерқонунӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои алоқаманд ва созишномаҳои байналмилалӣ фаро гирад. Барои таҳияи ин қолаб дастури Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶССваҲА) оид ба Ҳуқуқи байналмилалии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода (IFRC IDRL Guideline) ва рӯйхати санҷишӣ (IFRC IDRL Checklist) истифода бурда мешавад.
  1. Харитасозии қонунгузории ҲБВҲФ (IDRL) дар Тоҷикистон: дар бар гирандаи харитасозии ҳуқуқии қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ ва созишномаҳои марбут ба вокуниши байналмилалӣ ба офатҳо / кӯмаки байналмилалӣ ҳангоми офатҳо дар Тоҷикистон, ҳамзамон бо мақсади дастгирии татбиқи Низомномаи минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба Механизми Ҳамоҳангсозии Минтақавии соли 2021 бошад. Ин харитасозӣ бояд қонунҳо, сиёсат ва созишномаҳо дар самтҳои зеринро дар бар гирад:
  • Идоракунии кам кардани хавфи офатҳо ё идоракунии умумии ҳамаи намуди офатҳо;
  • Мудофиаи гражданӣ;
  • Вазъи фавқулодаи тандурустии ҷамъиятӣ;
  • Низом ва қоидаҳои андозу гумрук барои молҳои башардӯстона;
  • Вуруди молу таҷҳизоти махсуси башардӯстона (доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, нақлиёт);
  • Нақлиёти молҳо, таҷҳизот ва кормандони башардӯстона (дар замин ва фазо);
  • Истифодаи (воситаҳои) телекомуникатсия;
  • Истифодаи дронҳо ва дигар ҳавопаймоҳои бесарнишин (UAV);
  • Талаботи муҳоҷират / раводид барои кормандони башардӯстона;
  • Талаботи барои фаъолияти мутахассиси хориҷӣ (мисол: гурӯҳҳои тиббии фавқулодаи хориҷӣ);
  • Асъор ва бонкдорӣ;
  • Фаъолияти волонтиёрӣ;
  • Дастрасии башардӯстона.

«Харитасозӣ» дар бар мегирад: (1) Ҷамъоварии қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ, қоидаҳо, сиёсати давлатӣ ва созишномаҳо ва боргузории нусхаҳои электронии онҳо дар пойгоҳи дастраси абрӣ (cloud database). (2) Ташкил ва гурӯҳбандии маълумоти ҷамъшуда дар асоси мавзӯъҳо / саволҳои қолаби тадқиқот. (3) Муайян намудани муқаррароти дахлдори чунин қонунҳо, сиёсатҳо ва созишномаҳо бо назардошти робитаи онҳо бо кӯмаки байналмилалӣ ҳангоми офатҳо (4) Таҳлилил амиқи он, ки чи гуна муқарароти муайяншуда ба танзим ва осонсозии кӯмакҳои байналмилалӣ ҳангоми офатҳо таъсир мерасонанд, инчунин таҳлили камбудиҳо ва / ё нуқсонҳо.

Муайян кардани ҷабҳаҳое, ки қонунгузории Тоҷикистон бо стандартҳои ҲБВҲФ мутобиқат намекунанд.

  1. Таҳияи натиҷаи лоиҳаи Харитасозии қонунгузории ҲБВҲФ (IDRL) дар Тоҷикистон ва ҳисобот дар семинаре, ки ҶҲАТ дар соли 2025 ташкил хоҳад кард (моҳ ва рӯз муайян мешавад).
  2. Иштирок ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани раванди ҷараён ва натиҷаҳои семинар ва такмили лоиҳаи харитаи ҳуқуқии ҲБВҲФ дар Тоҷикистон ва ҳисоботи ҲБВҲФ бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳое, ки дар давоми семинар иброз карда мешаванд.
  3. Ҳисоботи ниҳоии ҲБВҲФ-и Тоҷикистон: Дар асоси (1) натиҷаҳои харитасозии ҳуқуқии ҲБВҲФ-и Тоҷикистон, (2) натиҷаи семинар. Ҳисобод бояд тамоюлҳои қавӣ, заъф, имкониятҳо ва мушкилиҳоро дар чаҳорчубаи ҳуқуқии Тоҷикистон нишон дода, тавсияҳоро оид ба такмили ин чаҳорчуба пешниҳод кунад.
  4. Хулосаи Мухтасари ҲБВҲФ-и Тоҷикистон
  5. Презентатсияҳои PowerPoint оид ба ҳисоботи ниҳоӣ; пешниҳоди дигар презентатсияҳои PowerPoints, ки ба тадқиқот ва семинар алоқаманданд.
  6. Иштирок дар ҳамаи вохӯриҳо байни мушовир ва ҶҲАТ, ФБҶССваҲА, мақомотҳои давлатӣ, шарикон оид ба идораи хатари офатҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ки ба тадқиқот ва семинар алоқаманданд.
  7. Пешниҳоди тавсияҳои амалӣ барои беҳтар кардани чаҳорчӯбаи ҲБВҲФ-и Тоҷикистон, аз ҷумла ислоҳоти эҳтимолии қонунгузорӣ ё мурофиавӣ.
  8. Арзёбии эҳтиёҷоти омӯзиш ё ташаббусҳои баланд бардоштани иқтидор барои дастгирии татбиқи самараноки ҲБВҲФ дар Тоҷикистон.
  9. Тарҷумаии тамоми ҳуҷҷатҳои дар тадқиқот истинодшуда аз дигар забонҳо ба тоҷикӣ. Тарҷумаи компютерӣ бо назардоштӣ он қабул карда мешавад, ки мушовир барои баррасии саҳеҳии тарҷумаи зикршуда масъул аст.
  • Ба мушовир дастгирии зерин пешниҳод мешавад

Мутахассиси ҳуқуқи ҳолатҳои фавқулодаи ҶҲАТ ва мутахассиси калони ҳуқуқи ҳолатҳои фавқулодаи ФБҶССваҲА дар Осиёи Марказӣ ба мушовир кӯмаки техники расонда роҳнамоӣ мекунанд.

  1. Нақшаи пардохти машварат

Пардохти машварат дар чор давра амалӣ мешавад:

  • Давраи якум (20%) – супоридани Ҳисоботи ибтидоӣ;
  • Давраи дуюм (20%) – супоридани лоиҳаи Харитасозии қонунгузории ҲБВҲФ (IDRL) дар Тоҷикистон, супоридани лоиҳаи ҳисоботи ҲБВҲФ дар Тоҷикистон ва дар пойгоҳи дастраси абрӣ (cloud database) бор кардани қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ, санадҳо, ва шартномаҳо;
  • Давраи сеюм (20%) – супоридани ҳисобот оид ба рафти кори семинар;
  • Давраи чорум (хотимавӣ) (40%) – супоридани шакли хотимавии Харитасозии қонунгузории ҲБВҲФ (IDRL) дар Тоҷикистон, ҳисоботи хотимавии ҲБВҲФ дар Тоҷикистон, Хулосаи мухтасар, тавсияҳои амалӣ барои беҳтар кардани чаҳорчӯбаи ҲБВҲФ-и Тоҷикистон, аз ҷумла ислоҳоти эҳтимолии қонунгузорӣ ё мурофиавӣ, арзёбии эҳтиёҷоти омӯзиш ё ташаббусҳои баланд бардоштани иқтидор барои дастгирии татбиқи самараноки ҲБВҲФ дар Тоҷикистон, ва презентатсияҳои PowerPoint аз ҷумла презентатсия доир ба гузориши ниҳоӣ.
  1. Муайянкунии вақт

Ин машварат ба натиҷа асос меёбад. Дар зер ҷадвали пешниҳодшуда барои тақсимоти вақт оварда шудааст.

ФАЪОЛИЯТ ШАРҲ ВАҚТИ ПЕШНИҲОДШУДА (РӮЗ)  САННАИ ҲАДАФ
Таҳияи ҳисоботи ибтидоӣ ва пешниҳоди он ·       Такмили ниҳоии қолаби тадқиқот

·       Пешниҳоди методология/раванди ҷамъоварии маълумоти ибтидоӣ ва дуюмдараҷа

·       Пешниҳоди нақшаи лоиҳавии ҳисоботи ниҳоӣ.

5 Январ (27-31)
Оғози омӯзиши санадҳои мавҷуда. ·       Ҷамъоварии қонунгузориҳои дахлдор, сиёсати давлатӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ (бисёрҷониба ва дуҷониба).

·       Ташкили пойгоҳи маълумотӣ ва боргузории он ба хотираи дастраси абрӣ (cloud database).

10 Феврал (03-14)
Омода намудани лоиҳаи Харитасозии қонунгузории ҲБВҲФ (IDRL) дар Тоҷикистон ва таҳияи ҳисоботи ҲБВҲФ. ·       Ҷавоб ба саволҳо дар қолаби тадқиқотӣ бо гузаронидани таҳлили ҳуқуқӣ ва харитасозии ҳуқуқӣ.

·       Омода сохтани ҳисоботи ҲБВҲФ дар Тоҷикистон дар асоси тамоюлҳо (ҷабҳаҳои қавӣ, заиф, имконот ва таҳдидиҳо дар қонунгузории ҲБВҲФ-и Тоҷикистон аз ҷумла масоили алоқаманд ба амалисозии Созишномаи Осиёимарказӣ аз соли 2021).

15 Феврал 17- Март 07
Баромад дар семинар доир ба боздёфтҳои лоиҳаи ҳисобот ва ҳуҷҷатгузории рафти семинар ·       Омода ва пешниҳоди презентатсияи PowerPoint оид ба натиҷаҳои ибтидоӣ;

·       Ҳуҷҷатгузорӣ кардани ҷараёни баргузории семинар

 

5 Март (TBC)
Ниҳоӣ кардани ҳисоботҳо (маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳо) ·       Лоиҳаи ҳисобот бо назардошти фикру мулоҳизаҳои пешниҳодшуда дар семинар таҷдид карда мешавад;

·       Навиштани хулосаи мухтасар

·       Омода кардани презентатсияи PowerPoint оид ба ҳисоботи ҲБВҲФ дар Тоҷикистон

·       Арзёбии эҳтиёҷоти омӯзиш ё ташаббусҳои баланд бардоштани иқтидор барои дастгирии татбиқи самараноки ҲБВҲФ дар Тоҷикистон.

·       Ниҳоӣ кардани тавсияҳои амалӣ барои беҳтар кардани чаҳорчӯбаи ҲБВҲФ-и Тоҷикистон, аз ҷумла ислоҳоти эҳтимолии қонунгузорӣ ё мурофиавӣ.

10 Март (-31)

 

  1. Малакаҳои зарурии мушовир

Зарурӣ

  • Доштани дараҷаи магистр ё болотар дар соҳаҳои ҳуқуқ, муносибатҳои байналмилалӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулода, ё дигар соҳаҳои марбут;
  • Ҳадди аққал панҷ сол таҷриба дар арзёбиҳои ҳуқуқӣ, бахусус дар соҳаи Ҳуқуқи Байналмилалии Вокуниш ба Ҳолатҳои Фавқулода (ҲБВҲФ) ё ҳуқуқи башардӯстона;
  • Таҷрибаи кофии таҳқиқот ва таҳлили ҳуқуқӣ;
  • Доштани дониши хуб дар бораи чаҳорчӯби ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Доштани маҳорати хуби навиштан ва гуфтугӯ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
  • Маҳорати муошират ва таҷрибаи хуб дар машварат бо ҷонибҳои манфиатдор;
  • Қобилияти иҷрои вазифаҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда.

Талаботҳои афзалиятнок

  • Ин машварат барои шаҳрвандони Тоҷикистон кушода аст;
  • Таҷрибаи корӣ дар таҳқиқоти марбут ба идоракунии хавфҳои офатҳо афзалиятнок дониста мешавад;
  • Таҷрибаи корӣ дар расонидани ёрӣ барои ислоҳоти қонунҳо афзалият дорад.
  • Донистани забони англисӣ.

Барои пешниҳоди номзадии худ маълумоти зеринро ба почтаи электронии Алишер Сиддиқ (alisher.sdv@gmail.com) ва Шуҳрат Сангов (sshukhrat@mail.ru) бо нишондоди мавзуъи зерин фиристед: IDRL Consultancy

Танҳо номзадҳои ба рӯйхати кӯтоҳ шомилшуда барои тамос интихоб карда мешаванд.

  • Аризаи хоҳишмандӣ;
  • Резюме;
  • Намунаи кори эҷодие, ки қобилияти татқиқоти ҳуқуқиро нишон медиҳад;
  • Маълумот барои тамоси на камтар аз 3 манбаи касбӣ;
  • Пешниҳоди техникӣ, ки методология ва нақшаи корро муайян мекунад.
  • Дастгири аз ҷониби донорони мо

Ин машварат бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо тавассути Барномаи ECHO Programmatic Partnership (PP)-и ҶҲАТ амалӣ мешавад. Фикру назарҳое, ки дар ин машварат иброз мешаванд ва натиҷаҳои татқиқот ба ҳеҷ ваҷҳ иброзгари назари расмии Иттиҳоди Аврупо намебошанд.