Бо мақсади пешгирии вируси COVID-19 рўзҳои 15-16 апрели соли ҷорӣ барои волонтёрони шаҳру навоҳии наздисарҳадии вилояти Суғд, дар бахши вилоятии ҶҲАТ машғулиятҳои омўзишӣ баргузор гардид, ки дар он 15 нафар волонтёр иштирок намуданд.
Бояд гуфт, дар рафти машғулиятҳои омўзишӣ Хоҳаева З.–роҳбари «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим» дар вилояти Суғд оид ба роҳҳои пешгирии коронавирус, қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ба иштирокчиён маълумод дод.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси ҶҲАТ ҷунин машғулиятҳои омўзишӣ ва корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир ба пешгирии вируси COVID-19 дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ баргузор мегардад.