Машқи амалӣ доир ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда

0
1914

Дар осоишгоҳи “Шифо”-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд байни гурӯҳҳои миллии вокуниш ба ҲФ-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар доираи барномаи “Тайёрӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқуллодда” ба таври амалӣ баргузор гардид.
Иштирокчиён ба гуруҳҳо тақсим шуда дар 5 истгоҳ ки дорои монеаҳо ва вазифаҳои мушаххас оид ба фаъоляти СС ва ҲА-ро дар бар мегирад, ба зарадидагон ёрии аввал расонида корбарӣ намуданд. Мусобиқа байни гурӯҳҳои миллии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи ҶҲАТ бо мақсади баланд бардоштан ва санҷидани донишу маҳорати гурӯҳҳои мазкур оид ба Ҳаракати Байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар инчунин қоидаҳои вокуниш ҳангоми ҳолатҳои фавқулода (баҳодиҳӣ, расонидани ёрии аввали то тиббӣ, расонидани ёрии психологӣ, насб намудани хаймаҳо, ҳамоҳангсозии даруна ва беруна, таҳияи нақшаи тақсимот, системаи огоҳкунӣ, қоидаҳои бехатарӣ (бо назардошти консепсияи дастрасии бехатар), ташкил гарид.
Мақсадҳои асосии мусобиқа ин ҳавасмандгардонии аъзоёни гурӯҳҳои миллӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо дар вокунишҳои ҶҲАТ ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ, санҷиши сатҳи омодагии тайёрии гурӯҳҳо тавассути санҷиши донишу малакаи онҳо ҳангоми машқҳои саҳроӣ, мубодилаи таҷриба байни кормандону волонтёрони ҶҲАТ ва ғайра ба ҳисоб меравад. Ҷарайёни машқи амалӣ аз ҷониби шахсони алоҳида назорат карда шуд.
Баъди иҷрои супоришҳои гузошташуда ҳар гуруҳ аз натиҷаи корҳои анҷомдодаашон маърӯза намуданд. Аз ҷониби ҳакамон натиҷаҳои фаъолияти гуруҳҳо дар машқи амалӣ муайян гардида бурду бохти онҳо гуфта шуд ва тавсияҳо барои фаъолиятҳои минбаъда дар самти вокуниш ба ҲФ манзур гардид.
Раъно Камолова корманди Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд ва ҳамзамон яке аз тренирони лоиҳа аз номи котиби иҷроияи Бахши вилоятии ҷамъият Парвиз Ҷабборзода сухан гуфта ба ҳамаи аъзоёни гуруҳҳо барои иштироки фаъолона дар ин машқи амалӣ изҳори миннатдорӣ баён кард. Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабинӣ барои аъзоёни гурӯҳҳои миллии вокуниш ба ҲФ ва кормандону волонтёрони Бахшҳои ҶҲАТ муҳим ва саривақтӣ буда имкон медиҳад фаъолияти онҳо барои фавран корбарӣ намудан ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ самаранок бошад. Бо ин васила бори дигар иштирокчиён дар ин машқи амалии ду рӯза донишу малакаи хешро сайқал доданд.
Дар интиҳо баъди натиҷагирии фаъолияти гуруҳҳо ва баҳогузории ҳайати ҳакамон ба кори ҳар як гуруҳ, ҷойҳои якум ва дуюму сеюм муайян гардида ба ғолибон ҷом ва туҳфаҳои хотиравии ҶҲАТ ва маблағгузори лоиҳа Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх супорида шуд.