14 сентябри соли 2023 аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо дастгирии Созмони амният ва ҳамкориҳо дар Аврупо (САҲА) дар ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ машқи амалӣ барои аъзоёни Кумитаи маҳали ин деҳа тренинги омодагӣ ба машқҳои амалӣ оид ба коҳиши хавфи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ ва ёрии аввал баргузор гардид.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, ҳамаи машқҳои ба нақшагирифташуда дар ҳамдастӣ бо намояндагони дахлдори давлатии ноҳияи Восеъ барпо гардиданд.