Санаи 8-уми январи соли 2021 дар бинои кории Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Бахш дар соли 2020 баргузор гардид. Аз сабаби номусоидии боду ҳаво ва пешгирӣ аз паҳншавии пандемияи COVID-19 роҳбарияти Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд тасмим гирифт, ки дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии ҶҲАТ маҷлисро ба тариқи онлайн – фосилавӣ ташкил ва доир намояд.
Роҳбарияти ҶҲАТ, котибони иҷроияи бахшҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар утоқи кории худ нишаста, дар якҷоягӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, кормандони бахшҳо ва волонтёрон ба кори маҷлис тавассути шабакаи интернети баландсуръат мустақиман пайваст шуданд.
Дар бинои кории Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд бошад, аъзои Раёсат, кормандони дохилӣ ва барномавии Бахш ва намояндагони ВАО ҷамъ омада буданд.
Мутобиқи боби 11-уми Оинномаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон конференсияи бахшҳои вилоятӣ ва минтақавӣ дар панҷ сол на камтар аз як маротиба даъват карда мешавад. То ба имрӯз дар ҳамаи бахшҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳо конференсияҳои шаҳриву ноҳиявӣ доир гардиданд.
Аз ин лиҳоз, қабл аз оғози кори ҷаласа Конференсияи бахши вилоятӣ, ки таҳти роҳбарии узви Раёсати Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Саидумрон Саидов гузашт, мақоми роҳбариро интихоб намуд.
Ба хотири фаъолияти хубу назаррас нишон додан номзадии Мирзоева Қурбонҷон Мирзоевна маротиби дигар ба вазифаи Раиси бахши ҶҲАТ дар вмлояти Суғд, номзадии Саидумрон Саидовро ба вазифаи муовини Раиси бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд ва бо тарафдории ҳамаи ҷамъомадагон Мирзоева Қ.М., Саидов С.Ғ., Ҷабборзода П.А., Неъматова М.А., Ашӯров Б.Н., Сиддиқова Т.С. ва Камолова Р.Д. (7 нафар) аъзоёни нави Раёсати бахш интихоб гардиданд. Вобаста ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Сипас маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд барои соли 2020 ба кори худ оғоз намуд. Он таҳти сарварии Раиси бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Мирзоева Қ.М. доир гардид.
Нахуст аз ҷониби иштирокдорон котиботи маҷлис интихоб ва рӯзномаи маҷлис иборат аз 6 масъала тасдиқ карда шуд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома – “Ҳисоботи Котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд оид ба фаъолияти Бахш дар соли 2020” Котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода ҳисоботро ба самъи ҷамъомадагон расонд.
Гуфта шуд, ки Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар давоми соли 2020 бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар асоси Оинномаи Ҷамъият ва принсипҳои бунёдии хеш, нақшаи кории қаблан тасдиқгардида амал намуда, фаъолияти худро мувофиқи дастуру супоришҳои Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мӯҳтарам Қурбониён Б.Б. ва Раёсати ДИ КМ ҶҲАТ ба роҳ монд.
Чунончӣ, якҷоя бо 16 котибони иҷроияи бахшҳои ҶҲАТ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд новобаста аз вазъияти бамиёномада, интиқол ва паҳншавии бемории сирроятии коронавируси навъи COVID-19 дар Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ин сол байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба мақсаду маром ва фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳамагӣ 223 вохӯрӣ, 524 чорабинии гуногуни иҷтимоию фарҳангӣ ва варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуданд, ки нисбат ба соли 2019-ум 27% зиёд мебошад.
Дар миқёси вилояти Суғд дар ҳолати моҳи январи соли 2021-ум 347 ташкилоти ибтидоӣ ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2019-ум 29 адад ё худ 11% афзоиш ёфтааст. Шумораи аъзои ҶҲАТ дар миқёси вилоят ба 6 437 нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 5 631 нафар баробар буд ва афзоиш 12%-ро нишон дод.
Гарчанде, ки чор бахш аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи молиявӣ набаромаданд, иҷроиши нақшаи молиявии Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар соли 2020-ум дар умум ба маблағи 355 ҳазору 595 сомонӣ ё худ 93 фоиз таъмин гардид. Аммо худи Бахши вилоятии ҶҲАТ нақшаи молиявии солонаро 111,5 фоиз ё худ ба маблағи 142 ҳазор сомонӣ иҷро намуд.
Бо мақсади паҳн намудани иттилоот тавассути телевизион, радио ва рӯзномаҳои вилоятӣ ва маҳаллӣ дар давоми соли 2020-ум 177 баромад ва 107 маводи чопӣ ташкил карда шуданд.
Чун маҷлис ба тариқи онлайн – фосилавӣ сурат гирифт, муовини Котиби генералии ҶҲАТ Мирова Дилором Саидовна аз утоқи кории худ ба кори маҷлис мустақиман пайваст шуда, доир ба фаъолияти хубу шоистаи роҳбарият ва кормандони Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳо ибрози андеша намуд.
Ҳамин тавр, тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои “Гузориши сармуҳосиби Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд оид ба иҷрои нақшаи молиявӣ дар соли 2020”, “Нақшаи кории Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд барои соли 2021”, “Нақша-чорабиниҳои Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои соли 2021”, “Фармоишҳои Котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар давоми соли 2020”, “Лоиҳаи буҷети Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд барои соли 2021” аз ҷониби иштирокдорони маҷлис дида баромада шуда, тасдиқ гардиданд.
Аз рӯи ҳамаи масъалаи муҳокима ва баррасишуда, аз ҷониби аъзои раёсат ва иштирокчиёни маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев доир ба фаъолияти хубу назарраси Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд ибрози андеша карда, бахусус саҳми роҳбарият, аъзо ва волонтёрони ҶҲАТ-ро дар давраи хурӯҷи пандемия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар алоҳидагӣ қайд намуд ва миннатдории Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро расонд.
Бо вазифагузорӣ ба кормандони Бахш барои соли 2021 маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар соли 2020 ба итмом расид.