Рӯзи 19 июли соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд дар мавриди оғози марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳаи “Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ”-и барномаи “ЕСНО-РРР” оғоз гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали Котиби генералии ҶҲАТ Нурулло Файзализода, менеҷери лоиҳа Фахриддин Каримов, котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода, менеҷери минтақавии барномавии Салиби Сурхи Олмон дар вилояти Суғд Парвиз Маҳмудов, намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои мавриди ҳадафи лоиҳа, кормандони масъули лоиҳа дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок карданд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳӣ ва ибрози мақсаду мароми татбиқи лоиҳа ва ҳадафи роҳандозии мизи мудаввар ба кори худ шуруъ кард.
Сипас мизи мудаввар тибқи барнома ҷараён гирифта, вобаста ба як қатор мавзӯҳои муҳим аз ҷумла оғози расмии марҳилаи дуввуми лоиҳаи «Суръат бахшидани фаъолиятҳо маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ» аз ҷониби Каримов Фахриддин менеҷери лоиҳа, маълумотнома дар бораи муаррифӣ ва дар амал татбиқ намудани низоми мушоҳидаҳо дар маҳалҳо аз ҷониби муовини Котиби генералии ҶҲАТ Мирова Дилором (тариқи онлайн) ва шахсони дигари масъул пешкаши иштирокчиён гардид. Хусусан қайд гардид, ки лоиҳа, ки беш аз як сол аст бо дастгирии молиявии Сарраёсати дафтари башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо (DG-ECHO) ва шарикони ҳамкор, яъне Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Салиби Сурхи Олмон, Сурхи Финляндия ва Салиби Сурхи Итолиё аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар амал татбиқ шуда истодааст.
Лоиҳаи барномаи мазкур дар 7 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд, ки ба таври пилотӣ интихоб шудаанд, татбиқ шуда истодааст. Дар ҳар шаҳру ноҳия 2 нафар корманди барномавӣ ҷалб шуда, мекунанд. Амалишавии лоиҳа маҷмӯан аз ҳар шаҳру ноҳия 3 ҷамоат ва дар тамоми 7 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд 21 ҷамоатро фаро мегирад.
Мавриди зикр кст, ки амалишавии ин лоиҳа асосан аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ сурат гирифта, ин иқдоми неки Ҷамъият ва шарикони рушд аз тарафи мақомоти дахлдор хуш истиқбол карда шудааст.
Дар рафти кори мизи мудаввар фаъолиятҳои давоми як соли гузаштаи лоиҳа ва нақшаҳо барои соли дуввуми он баррасӣ гардидан.
Дар ҷараёни мизи мудаввар кор дар гурӯхҳои хурд баҳри такмили роҳҳои амалисозии барнома ва ҳамкориҳо низ сурат гирифт, ки иштирокчиён ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим шуда, вазифаҳои гузошташударо иҷро намуданд.
Баъди анҷоми супоришҳои гурӯҳӣ аз натиҷаҳо баромад ва пешниҳодҳои судманд манзури иштирокчиён карда шуд. Баъди саволу ҷавобҳо аз мизи мудаввар натиҷагирӣ карда шуда, барои фаъолиятҳои минбаъда пешниҳодҳои гуногун аз тарафи иштирокчиён иброз карда шуд. Бо ҳамин мизи мудаввар ҷамъбаст гардида. ҳамкориҳои дуҷониба ба роҳ монда шуда нақшаву барномаҳо дарпешистода хубу самаранок ва ба навъи мардум амалӣ карда шавад.