Дар бинои кории Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд дар доираи амалишваии барномаҳои “Хадамоти ҷустуҷӯ ва Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ” (БРО) мизи мудаввар бо иштироки роҳбарияти Филиал, кормандону волонтёрони лоиҳа аз шаҳру ноҳияҳои мақсаднок, намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар вилояти Суғд ва намояндагони сохторҳои дахлдори давлатӣ баргузор гардид.
Чорбаниро котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода оғоз намуда вобаста ба ҳадафи баргузории мизи мудаввар ва муҳимияти ҳамкориҳои дуҷонибаи ҶҲАТ бо сохтору идораҳои дахлдори давлатӣ сухан гуфт. Зикр гардид, ки ҳадафи асосии ин вохӯрӣ беҳтар намудани фаъолиятҳо дар маҳалҳо, иҷроиши саривақтии супоришу вазифаҳо, ҳамкории ҳарчӣ бештар бо мақомотҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои маҳаллӣ ва дигар самтҳои муҳим, аз ҷумла баррасӣ ва дурнамои фаъолиятҳои минбаъда ба ҳисоб меравад.
Дар идома тибқи барнома мизи мудаввар ҷараён гирифт. Вобаста ба мавзӯҳои мухталиф аз ҷумла “Маълумоти умумӣ дар бораи ҶҲАТ ва фаъолияти Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд” аз ҷониби корманди масъули Филиал Аҳмадов Рустамбек, “Маълумоти умумӣ доир ба барномаи Хадамоти ҷустуҷӯ ва Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ”, “Ҳамкорӣ бо мақомотҳои давлатӣ, дар сатҳи ҷамоат ва маҳалҳо доир ба амалишавии барнома” ва ғайра аз ҷониби Камолова Раъно – танзимгари барномаҳо дар Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд маълумот дода шуд. Дар идома бошад суҳбати озод сурат гирифта пешниҳод ва таклифҳо барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо аз ҷониби иштирокдорон манзур гардид.
Инчунин аснои мизи мудаввар аз ҷониби кормандони масъули барнома, ки бо дастгирии молиявии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) чанд сол инҷониб дар амал татбиқ гашта истодааст, бобати дуруст пур кардани дархост оид ба ҷустуҷӯи шахси бедаракшуда маслиҳатҳои муфид дода шуда, вобаста ба муаммоҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо табодули афкор сурат гирифт. Дар ҷараёни суҳбатҳо атрофи таҷрибаи ҶҲАТ вобаста ба ҷустуҷӯ ва дарёфти ашхосе, ки дар кишварҳои дигар бедарак гум шуда буданд, маълумотҳои мухталиф пешниҳод карда шуд. Қайд гардид, ки дар ҳолати ворид шудани дархостҳо, ҷустуҷӯи ашхоси бедаракшуда тариқи ҷамъиятҳои миллии кишварҳои дигар ба таври ройгон ба роҳ монда мешавад.
Мақсади асосии баргузории мизи мудаввар ин пеш аз ҳама беҳтару хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои Филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳо бо мақомотҳои маҳаллӣ, роҳандозии фаъолиятҳо дар сатҳи лозима, мусоидат дар амалишавии барномаву лоиҳаҳо аз ҷумла “Хадамоти ҷустуҷӯ ва Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ” ва ғайра ба ҳисоб меравад.
Мизи мудаввар бо намояндагони сохторҳои дахлдори давлатӣ ва кормандони масъули барнома дар Филиалҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, бо ҳадафи бештар тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн баргузор гашта изҳори боварӣ карда шуд, ки он минбаъд дар пешрафти фаъолиятҳо такони ҷиддӣ мебахшад.