16 августи соли 2024 дар толори меҳмонхонаи “Азия гранд” аз ҷониби барномаи «Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯсти»-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) мизи мудаввар оид ба иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ин мизи мудаввар зиёда аз 28 нафар намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони ҶҲАТ ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КЮСС) иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар ин андешидани чораҳои зарурӣ оид ба механизми иҷроиши қонуни мазкур буд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ котиби генералии ҶҲАТ Қурбониён Баҳодур оид ба муҳимияти иҷроиши қонуни мазкур ва қазияҳои ҷойдошта ҷиҳати истифодабарии аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва зарурияти ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ин қонун маълумоти муфассал дода, иштирокчиёнро баҳри баррасии он даъват намуд.
Сипас, аз ҷониби Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи «Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ» дар бораи фаъолияти ҶҲАТ ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромадҳои муфассал бо пахши филмҳои мустанад дар ин ҷода доир гардид.
Ҳамзамон Умед Мансуров, мушовири ҳуқуқии КБСС дар ҶТ оид ба масъалаи истифодаи аломатҳои муҳофизатии СС ва ҲА баромад намуд.
Баъди баромадҳо иштирокчиён қонуни мазкурро баррасӣ намуда, ҷиҳати иҷроиши он аз ҷониби намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Вазорати мудофиа ва Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ пешниҳоду баромадҳои ҷолиб доир гардиданд.
Боиси хушнудист, ки баргузории чунин мизҳои мудаввар бо вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои ҷумҳурӣ ҳамкории ҶҲАТ-ро вусъат дода, фаъолиятро дар ин самт ҷоннок менамояд ва иштирокчиён дар ҷамъамбасти чорабинӣ ҳамчунин, пешниҳод намуданд, ки дар оянда низ баргузории чунин чорабиниҳо зиёд гарданд то онҳо тавонанд аз фаъолияти ҶҲАТ аз наздик огоҳ гардида, саҳми хешро дар мусоидат намудани бисёр масъалаҳо гузоранд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 16 августи соли 2024