15 сентябри соли 2021 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мизи мудаввар бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва котибони иҷроияи бахшҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар 15 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтароид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн баргузор гардид.
Чорабиниро раиси бахши ҶҲАТ дар минтақаи Бохтар Ҳотамов Абдуҷабборҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и ҶҲАТ дар бораи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба иштирокчиён филми мустанади соҳавӣ намоиш дод.
Намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар вилояти Хатлон оид ба фаъолияти КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан минтақаи Бохтари вилояти Хатлон баромад намуд.
Сипас, Фитрати Шамсиддин, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ, хадамоти ҷустучу”-и бахши ҶҲАТ дар минтақаи Бохтар оид ба фаъолияти ин бахш ба иштирокчиён маълумот дод.
Мизи мудаввар дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва котибони иҷроияи бахшҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар фаъолона иштирок ва баромад намуданд.
Баъди баромадҳо иштирокчиён оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн пешниҳодҳои муфид пешниҳод намуданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш.Бохтар, 15 сентябри соли 2021