16 июни соли 2021 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) мизи мудаввар бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва котибони иҷроияи бахшҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн баргузор гардид.
Чорабиниро раиси бахши ҶҲАТ дар ВМКБ ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и ҶҲАТ дар бораи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба иштирокчиён филми мустанади соҳавӣ намоиш дод.
Қосим Бозичаев, танзимгари барномаҳое, ки аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх маблағгузорӣ мешаванд, оид ба фаъолияти бахши ҶҲАТ дар ВМКБ баромад намуд.
Мизи мудаввар дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва котибони иҷроияи бахшҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар 8 шаҳру ноҳияҳои ВМКБ иштирок намуданд.
Баъди баромадҳо иштирокчиён оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн пешниҳодҳои муфид пешниҳод намуданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 16 июни соли 2021