Мизи мудаввар оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳо

0
2115

20 августисоли 2021 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мизи мудаввар бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва котибони иҷроияи бахшҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар 10 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн баргузор гардид.
Чорабиниро раиси бахши ҶҲАТ дар минтақаи КӯлобТоҷиддин Сатторов ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и ҶҲАТ дар бораи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба иштирокчиён филми мустанади соҳавӣ намоиш дод.
Намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар вилояти Хатлон оид ба фаъолияти КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан вилояти Хатлон баромад намуд.
Сипас, раиси бахши ҶҲАТ дар минтақаи Кӯлоб Тоҷиддин Сатторов оид ба фаъолияти ин бахш ба иштирокчиён маълумот дод.
Мизи мудаввар дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва котибони иҷроияи бахшҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар 10 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.
Баъди баромадҳо иштирокчиён оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн пешниҳодҳои муфид пешниҳод намуданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 20 августи соли 2021