6 октябри соли 2022 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мизи мудаввар бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва котибони иҷроияи бахшҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн баргузор гардид.
Чорабиниро Файзализода Нурулло, муовини якуми Котиби генералии ҶҲАТ ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и ҶҲАТ дар бораи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба иштирокчиён филми мустанади соҳавӣ намоиш дод.
Мавзуна Мирзоева, корманди Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) оид ба фаъолияти КБСС баромад намуд.
Сипас, Ҳотамов Абдуҷаббор, котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтар оид ба фаъолияти ин бахш ба иштирокчиён маълумот дод.
Мизи мудаввар дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва котибони иҷроияи бахшҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар фаъолона иштирок ва баромад намуданд.
Баъди баромадҳо иштирокчиён оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн пешниҳодҳои муфид пешниҳод намуданд.