Мизи мудаввар оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб

0
790

2 декабри соли 2022 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мизи мудаввар оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва филиалҳои Ҷамъияти Ҳилоли Ахмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.
Чорабиниро намояндагони ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва ҶҲАТ ҳусни ифтитоҳ намуданд.
Сипас намояндагони ҶҲАТ ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх оид ба фаъолияти худ баромадҳо намуданд.
Баъди баромадҳо оид ба пешравиҳо ва қазияҳои ҷойдошта зимни ҳамкории тарафайн аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ суханрониҳо ва пешниҳодҳои ҷолиб баҳри рушди ҳамкориҳои оянда пешниҳод гардиданд.