3 августи соли 2023 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мизи мудаввар бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва котибони иҷроияи филиалҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн баргузор гардид.
Чорабиниро Абдуҷаббор Ҳотамов, Котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хаттлон ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и ҶҲАТ дар бораи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба иштирокчиён филми мустанади соҳавӣ намоиш дод.
Мавзуна Мирзоева, корманди Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) оид ба фаъолияти КБСС баромад намуд.
Мизи мудаввар дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва котибони иҷроияи филалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар фаъолона иштирок ва баромад намуданд.
Баъди баромадҳо иштирокчиён оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн пешниҳодҳои муфид пешниҳод намуданд.
Марказт иттилооти ҶҲАТ, 03 августи соли 2023