15 июли соли 2022 дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе мизи мудаввар оид ба лоиҳаи «Сарпарастии ятимон», ки аз ҷониби Маркази имдод ва корҳои башардустонаи «Шоҳ Салмон»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дастгирӣ ёфта, тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур 15 нафар кормандони ҶҲАТ, намояндаи Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Хазинаи кӯдакон, Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳо иштирок намуданд.
Ҳадафи баргузории чорабинӣ ин муарифии фаъолияти лоиҳаи “Сарпарастии ятимон” буда, дар он Илҳом Раҳимов ва Рустам Қурбонов оид ба таъриху фаъолияти лоиҳа ва кор бо махзани иттилоотии он баромадҳои муфассал намуданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 15 июли соли 2022