Мо ҳама сазовори имконият ҳастем

0
525

Огоҳсозии бармаҳал ва  иқдомоти барвақтӣ наҷотдиҳандаи ҳаёт ва маишат буда одамонро дар роҳи рушди устувор нигоҳ медоранд

29 ва 30 августи соли 2023 Ҷаъмияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо роҳбарии муовини Котиби генералӣ Дилором Мирова, бо дастгирии Федератсияи байналмиллалии Ҷаъмиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА), дар аввалин машварати миллӣ оиди таҳвил бахшидани ташаббуси “Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама” фаъолона иштирок намуданд. Ин  машварати дурӯза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Дафтари Ҳамоҳангсози кишварии СММ (United Nations Resident Cooridinator’s Office), Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNDRR), Созмони ҷаҳонии метереологӣ (WMO), Созмони байналмиллалии телекомуникатсионӣ (ITU) ва ФБҶ СС ва ҲА ташкил шуд.

ФБҶ СС ва ҲА дар омодагӣ ва посух ба ҳолатҳои фавқулода пешсаф аст, ки он қисмати 4-ум дар байни чор қисмати  Низоми огоҳсозии бармаҳали офатҳои гуногун мебошад (Multi-Hazard Early Warning System).

«Ҷаъмияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун узви ФБҶ СС ва ҲА ва ташкилоти башардӯстонаи пешсаф дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳалии Тоҷикистон, барои амалигардонии ин ташаббус дар Тоҷикистон кӯмак мекунад» иброз медорад  хонум Дилором Мирова  муовини Котиби генералии  ҶҲАТ.

Дар воқеъ огоҳсозии бармаҳал барои Тоҷикистон масъалаи мубрам аст, чун он кишвари аз нигоҳи офатҳои табиӣ осебпазир буда, 93 дарсади қаламравашро кӯҳҳо ишғол мекунанд. Сел, заминҷунбӣ, хушксолӣ ва фаромадани ярч аз офатҳои зуд-зуд рухдиҳанда буда, пас аз онҳо тармафароӣ, шамоли сахт ва ҳарорати зиёди паст ё баланд меистанд. Бале, имкони пешгии ҷонситонӣ ва харобкории ин офатҳо ба аҳолӣ ва маҳалҳо вуҷуд дорад. Огоҳсозии саривақтии дуруст ва қобилияти амали саривақтӣ дар ҷои воқеа метавонад ба ҳама имконият диҳад то ки таъсири офат пешгирӣ ё то ҳади ақал расонда шавад.

Дар Тоҷикистон,  бо дастгирии ФБҶ СС ва ҲА, Ҷаъмияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои эҷоди устувории ҷомеа, бахусус дар идоракунии офатҳои табиӣ, тавассути омодагӣ ба офатҳои табиӣ, коҳиш додани хатар ва вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ сармоягузорӣ кардааст. Ба наздикӣ Ҷамъияти Миллӣ инчунин унсурҳои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлимро ба барномарезии худ ворид кард.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон сохторе дорад, ки на танҳо дар огоҳсозии бармаҳал, балки дар иқдомоти барвақтӣ ҳам барои пешбурди қисмати 4 пуштибонӣ мекунад. Дар саросари Тоҷикистон Ҷамъияти миллӣ 69 филиал, 149 корманд ва шабакаи 12 000 волонтёронро дар бар мегирад.

“Волонтёрони мо ва кумитаҳои маҳал оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Ҷамъият такягоҳи равишҳои ба одамон нигаронидашуда ва ба таври маҳаллӣ идорашаванда таҳти ташаббуси Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама, хоҳанд буд. Онҳо инчунин барои мусоидат ба ҷалби сатҳи маҳаллӣ дар фаъолиятҳои марбута, аз ҷумла машқҳои симулятсионӣ кӯмак хоҳанд кард,” гуфт хонум Дилором Мирова, муовини Котиби генералии ҶҲАТ.

Дар ҷамъбаст, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои амалигардонии бомуваффақияти Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама саҳм мегузаронад, тавассути:

  • Амалигардонии ташаббуси Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама дар сатҳи миллӣ ва маҳал,
  • Бо равишҳои умумиҷамъиятӣ,  нигаронидашуда  ба одамон, ва аз ҷониби маҳалҳо идорашаванд, ва
  • Дар ҳамкорӣ бо шарикон барои баланд бардоштани ҳамоҳангӣ ва тартиботи байни қисматҳо.

Мо ҳама масъулият дорем ва ҳамкорӣ муҳим аст. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо нақши ёрирасони худ ба мақомоти давлатӣ дар соҳаи башардӯстона ба Ҳукумат дар амалисозии Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама, инчунин дигар созишномаҳои байналмилалӣ, ба мисли Чаҳорчӯбаи Сендай оид ба паст кардани хатари офатҳо, мусоидат менамояд. Огоҳиҳои бармаҳал ва иқдомоти барвақтӣ метавонад ҳаёт ва воситаҳои зиндагиро наҷот диҳад. Ҳамаи мо сазовори ин имконият ҳастем. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон умедвор аст, ки кори худро бо мақомотҳои дахлдори давлатӣ ва хусусӣ беҳтар созад, то ба ҳама дар таъмини ин имконият ва дар роҳи рушди устувор, кӯмак расонад.