МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ “ТАҲЛИЛИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА”

0
29

08 ноябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ) мизи мудаввар доир ба муаррифии лоиҳаи “Таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода” баргузор шуд.

Лоиҳаи таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода дар доираи барномаи «Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ»-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) аз тарафи ММҚ омода мешавад. Маблағгузори кулли барномаи мазкур Раёсати кӯмакҳои башардӯстона ва ҳифзи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо (DG ECHO) мебошад.

Лоиҳаи мазкур таҳлили чор самти идораи ҳолатҳои фавқулодаро (Ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода (IDRL), Коҳиши хавфи офатҳои табиӣ (DRR), Омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода (DPR), Ҳуқуқ ва Ҳолатҳои фавқулодаи саломатии аҳолӣ (PHE)) дар бар гирифта доир ба рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳолатҳои фавқулода як гурӯҳ тавсияҳоро пешниҳод мекунад.

Ҳамзамон натиҷаи таҳлили мазкур заминаи устувор барои омӯзиш ва таҳлили ҳуқуқии дақиқи чор самти зикршуда дар алоҳидагӣ хоҳад буд.