Муаррифии Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои тадқиқот оид ба арзёбии дарки эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 дар Тоҷикистон

0
855
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои тадқиқот оид ба арзёбии дарки эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид, ки ин тадқиқот дар сатҳи лоиҳаи «Сафарбаркунии ҷомеа оид ба эмгузаронии COVID-19» бо дастгирии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) гузаронида шудааст.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Дастгоҳи Иҷроияи Кумитаи Марказии Ҷамъияти Ҳилолӣ Аҳмари Тоҷикистон (ДИ КМ ҶҲАТ), филиалҳои вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶСС ва ҲА), Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), UNICEF ва дигар шарикони рушд иштирок намуданд.
Нахуст ёрдамчии Котиби генералии ҶҲАТ Нуралӣ Одинаев аз номи роҳбарияти Ҷамъият ва баъдан муовини Директори Намояндагии USAID дар Тоҷикистон Джеймс Пэрис бо сухани шодбошӣ баромад намуданд.
Сардори шуъбаи тандурустии ҶҲАТ, ҳамоҳангсозӣ лоиҳа Илҳом Раҳимов фаъолияти лоиҳа оид ба омодагӣ ва вокуниш ба пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистонро шарҳ дод.
Ҳамчунин машваратчии Идораи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва буҳрони Идораи минтақавии ФБҶСС ва ҲА дар Аврупо Клаудия Янковска тавассути онлайн натиҷаҳои тадқиқот оид ба арзёбии дарки эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 дар Тоҷикистонро манзур намуд.
Пас аз баромади шахсони масъул иштирокдорони чорабинӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.