Мулоқоти видеоӣ

0
1819

21 май муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода дар вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия, ки ба таври  видеоконфронс баргузор гардид, ширкат варзид.
Зимни мулоқот тарафҳо оид ба масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Намояндагони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои муқовимат ба паҳншавии бемории сироятии коронавирусро (COVID-19) муҳокима карданд. Таваҷҷуҳи хос ба ҷанбаҳои мусоидати мутақобила дар рафъи оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии ҳамагирии ҷаҳонӣ равона гардид.
Тарафҳо омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ба манзури мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуданд.