Ҳафтаи равон дар вилояти Суғд мулоқоти Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) Баҳодур Қурбониён дар робита ба фаъолияти Ҷамъият ва лоиҳаҳое, ки бо маблағгузории Кумитаи байналмилаии Салиби Сурх аз ҷониби ҶҲАТ татбиқ мешаванд, бо муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва муовинони раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯриҳо аз фаъолияти ҶҲАТ ва Филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, махсусан дар давраи пандемияи COVID-19, дар самти дастгирии аҳолии ниёзманд, вокуниш ба ҳолатҳои изтирории минтақаҳои сарҳадӣ ва расонидани кумакҳо ба аҳолии зарардида, амалишавии лоиҳаҳо дар шаҳру ноҳияҳои мақсаднок, дастгирии МИҲД ва дигар сохтору идораҳои дахлдори давлатӣ сухан гуфта шуд.
Бояд тазаккур дод, ки КБСС яке аз шарикони асосии ҶҲАТ ба ҳисоб рафта, як қатор лоиҳаҳо бо малағгузории он амалӣ мешавад.