Мулоқот ҷиҳати баррасии вазъ ва расонидани кумакҳои амалӣ

0
737
Шоми 18 сентябр мулоқоти навбатии онлайнӣ бо иштироки роҳбарияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, кормандони Филиали Ҷамъият дар вилояти Суғд, намояндагони ДИ КМ ҶҲАТ, ки барои корбарӣ дар вилояти Суғд қарор доранд, инчунин намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни мулоқот нахуст шахси масъул Пайрав Имомов вобаста ба вазъияти баамаломада дар робита рӯйдодҳои марзӣ, вазъ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов, кӯчонидани сокинони маҳаллӣ, расонидани кумакҳои аввал ва психологӣ ба аҳолӣ ва дигар самтҳои асосии фаъолият маълумот дод.
Муовини Котиби генералии ҶҲАТ Дилором Мирова баён дошт, ки дар баробари имкониятҳои мавҷудаи Ҷамъият инчуни якчанд ташкилот низ барои ҳамкорӣ ва тавассути ҶҲАТ расонидани кумаки амалӣ муроҷиат намудаанд.
Котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода иттилоъ дод, ки аз рӯзҳои аввал кормандону волонтёрони Филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои болозикр фаъолияти худро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба сокинон кумак намуда истодаанд.
Намояндагони КБСС дар Тоҷикистон баён доштанд, ки барои расонидани кумакҳои амалӣ ба аҳолии зарардида дар якҷоягӣ бо кормандони ҶҲАТ дар минатақаҳо фаъолият ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷамъбасти мулоқот таъкид карда шуд, ки ҳамаи фаъолиятҳо дар минтақаҳо махсусан дар минтақаҳои сарҳадӣ бо риояи ҳатмии меъёрҳои бехатарӣ ба роҳ монда шавад.