🗓11 январи соли 2024 дар толори бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд, дар давоми соли 2023 баргузор гардид. Дар кори маҷлис ёрдамчии котиби генералии ҶҲАТ Нуралӣ Одинаев, котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода, Раиси озод ва аъзоёни Раёсати Филиал, кормандони Филиали вилоятӣ, котибони иҷроияи Филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, кормандони лоиҳавӣ, аъзоёни фаъол, волонтёрон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
⭕️Маҷлис таҳти роҳбарии Раиси озоди Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Қурбонҷон Мирзоева ҷараён гирифт. Нахуст иштирокдорон котиботи маҷлисро дар ҳайати Бобоев И. ва Камолова Р. интихоб намуданд. Сипас рӯзномаи маҷлис иборат аз масъалаҳои муҳим тасдиқ гардид.
⏺️Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома – ҳисоботи котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода “Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар давоми соли 2023” шунида шуд.
➡️Зикр гардид, ки Филиал дар ин давра барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо дар доираи Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Иди саиди Рамазон, Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Иди саиди Қурбон, Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иду ҷашнҳои давлатӣ чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
🟢Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд тибқи Нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011 таҳти №504 “Дар бораи тасдиқ намудани тартиб, шарт ва мӯҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар”, аз санаи 1-ум то 31-уми майи соли 2023 чорабиниҳои хайриявию эҳсонкорӣ, маърифатӣ ва фарҳангию варзишӣ ташкил ва баргузор намуд.
🔶️Гуфта шуд, ки тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ давоми соли 2023 Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд якҷоя бо 18 котибони иҷроияи филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ҳамагӣ 269 вохӯрӣ, 443 чорабинии гуногуни хайриявию иҷтимоӣ, фарҳангию варзишӣ дар донишгоҳҳо, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, корхонаю муассисаҳо баргузор намудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи нишондодҳое, ки аз тарафи котибони иҷроияи филиалҳо пешниҳодкардашуда дар муқоиса ба соли 2022-юм 13% зиёд мебошад.
📜Дар заминаи фармоиши котиби иҷрояи Филиали вилоятӣ бахшида ба 96 солагии ҶҲАТ, давоми моҳи декабри соли 2023 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои мухталиф, аз қабили мулоқоту вохӯриҳо, озмуну мусобиқаҳо, шанбегиҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва иқдомҳои башардӯстона роҳандозӣ карда шуд. Дар маҷмӯ бо ин мақсад беш аз 30 чорабинии мухталиф бо ҷалби доираи васеъи қишрҳои гуногуни ҷомеа гузаронида шуд. Дар ин самт махсусан шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Ашт, Шаҳристон, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Истиқлол ва ғайра бештар фаъол буданд.
✴️Зимни баромади худ котиби иҷроияи Филиали вилоятӣ Парвиз Ҷабборзода таъкид намуд, ки чорабинии бузурги фарҳангии давраи ҳисоботӣ, ду Консерти хайриявӣ мебошад, ки дар доираи Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ифтихори 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Консертҳо дар Амфитеатри Қасри маданияти Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (26.05.2023) ва Варзишгоҳи Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов (30.05.2023) бо иштироки санъаткорони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузаронида шуданд.
✅️Ба маблағи ҷамъшуда аз Консертҳои хайриявӣ Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд санаи 31-уми майи соли 2023 ба Муассисаи давлатии “Мактаб интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд”, ки дар шаҳри Бӯстон ҷойгир аст, кӯмаки башардӯстона расонд. Он ба миқдори зиёд аз бастаҳои маводи хоҷагидорию гигиенӣ иборат буд.
📄Парвиз Ҷабборзода иттило дод, ки яке аз фаъолиятҳои назарраси соли 2023 ин вокуниши фаврии кормандону волонтёрони ҶҲАТ ба офати табие, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба амал омад, ба ҳисоб меравад. Чуноне, ки ҳамаи мо огоҳ ҳастем, санаи 23 марти соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ офати табиӣ ба амал омада ба хоҷагии халқ зарар расонид. Аз ҷумла дар деҳоти Палдорак, Ярм, Пакшиф, Деҳманора, Дашти миёна, Роғ, Самҷон манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳо қисман ё пурра зарар диданд. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин рӯзҳо Комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.
🟢Аз нахустин лаҳзаҳои сар задани ин офати табиӣ кормандону волонтёрони Филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда дар доираи имконияҳои мавҷуда ба аҳолӣ кӯмак расониданд. Дар доираи лоиҳаи “Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода” бо маблағгузории Федератсияи байналмилалии ҶСС ва ҲА, аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба оилаҳои зарардидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тақсимоти кӯмакҳои пулӣ аз санаи 2 то 4 июн сурат гирифт. Шумораи умумии баҳрагирандагон 318 оила буда онҳо сокинони 7 деҳаҳои ҷамоати Лангар мебошанд. Маблағ ҷудошуда ба ҳар як оила 3600 сомонӣ муқаррар гашта он барои барқарор кардани манзилҳои истиқоматии зарардида пешбинӣ шуд. Маблағи умумии кӯмаки расонидашуда ба 318 оила 1 миллиону 144 ҳазору 800 сомониро ташкил дод.
⭕️Санаҳои 15-19 август бошад дар доираи лоиҳа болозикр ба 318 оила кӯмаки навбатӣ иборат аз бастаи асбобҳои рӯзгордорӣ, аз қабили табар, болға, арраи калон ва майда, ранда, сатҳсанҷ, метр, анбӯр, ковш ва ғайра тақсим карда шуд. Ҳамаи ин фаъолиятҳо, яъне вокуниш ба офати табиии ба амал омада, бо баргузории семенар-машварати ду рӯза, санаҳои 26-27 августи соли 2023 дар шаҳри Ҳисор натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда шуд.
✅️Қайд гардид, ки кӯмаки бузурги башардӯстонае, ки дар соли 2023 ба қишри ниёзманди ҷомеа дастрас гардид, дар доираи Лоиҳаи «Расонидани маводи хӯрока ба мардуми ниёзманди Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ СММ) буд. Аз ҷониби кормандону волонтёрони ҶҲАТ бо дастгирии молиявии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар 11 шаҳру ноҳияи мақсадноки вилояти Суғд: Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Истиқлол, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Зафаробод, Шаҳристон ва Ашт ба 11 891 (ёздаҳ ҳазору ҳаштсаду наваду як) оилаи ниёзманд дар 3 марҳила кӯмаки башардӯстона иборат аз 75 кг орди витаминдор, 3 литр равғани растанӣ, 6,75 кг донагӣ, дастрас гардид. Дар маҷмӯ ба ҳар як оила дар 3 марҳила ҳамагӣ 225 кг орди витаминдор, 9 литр равғани растанӣ ва 20,25 кг донагӣ с дастрас карда шуданд.
📑Вобаста ба иқтидори кунунии ҶҲАТ маълумот дода шуд, ки дар миқёси вилояти Суғд ба ҳолати 1- уми январи соли 2024-ум 223 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият менамоянд, ки дар сафҳои худ 10 ҳазору 991 нафар аъзоро ба қайд гирифтаанд. Шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ назар ба соли 2022 – 11 адад афзудааст. Шумораи аъзои ҶҲАТ дар миқёси вилоят ба 10 ҳазору 991 нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2022-юм ба 9 ҳазору 837 нафар баробар буд ва афзоиш 10 фоизро нишон дод. Шумораи волонтёрони ҶҲАТ дар миқёси вилоят ба 1 ҳазору 536 нафар расонида шуд, ки ин рақам дар соли гузашта 1 ҳазору 379 нафарро ташкил мекард ва дар муқоиса ба соли 2022-юм 11 фоиз зиёд ба қайд гирифта шудааст.
➡️Таъкид гардид, ки баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими фаъолият ба ҳисоб меравад. Дар давраи ҳисоботӣ ба филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру навоҳӣ ҳамагӣ 1 ҳазору 769 аризаи шаҳрвандон, бахусус 176 ариза ба унвони Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд ворид шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2022-юм 11 фоиз зиёд мебошад, аз он 19 ариза барои баррасӣ ба филиалҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол гардида, 157 ариза аз ҷониби Котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд сари вақт баррасӣ карда шуданд. Аз ҷумлаи муроҷиаткунандагон бо маводҳои хӯрока ва гигиенӣ, бархе аз онҳо бо маблағ аз ҳисоби маблағҳои сандуқҳои хайриявӣ таъмин карда шуданд, ки ҳар як бастаи маводи хӯрока зиёда 150 сомонӣ арзиш дорад.
📜Аризаҳо асосан аз ҷониби шаҳрвандони ниёзманд, маъюбони гурӯҳҳои якум ва дуюм, пиронсолон ва модарони яккаву танҳо, шахсони бепарастор ва ятимони кулл ворид гардидаанд, ки мазмуни аксарияти онҳо ин расонидани кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ мебошад. Барои қонеъ намудани аризаи муроҷиаткунандагон дар соли 2023 72 ҳазору 800 сомонӣ равона карда шудааст.
Дар фарҷоми баромади худ котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзод бо ҳадафи беҳтар ва дар асоси талаботи ДИ КМ ҶҲАТ, санадҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолият ба роҳ мондани фаъолиятҳои Филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳо ба котибони иҷроия ва кормандон як қатор пешниҳодҳои судмандро манзур намуд. Махсусан гуфта шуд, ки ба истифода аз имкониятҳои замони муосир бештар таваҷҷуҳ равона карда шуда дар ҷойҳо фаъолиятҳо беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.
✳️Баъди анҷоми баромад, саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифт. Котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода иловатан таъкид намуд, ки дар ҷараёни фаъолиятҳои ҳамарӯза баъзе норасиву камбудӣ ва монеаҳо ҷой доранд. Вобаста ба ин масъла мубодилаи афкор сурат гирифта барои ҳаллу бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои судманд манзур карда шуд.
Дар қисми музокира бошад, раиси озоди Филиали ҶҲАТ дар шаҳри Истиқлол, муовини якуми раиси шаҳр Алабердиён Муқаддас, котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Қурбонова Ҳуринисо, раиси ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” Нуъмон Ҳасанов баромад намуда бо қаноатмандӣ аз фаъолиятҳои назарраси Филиали вилоятӣ ва Филиалҳои шаҳриву ноҳиявии ҶҲАТ дар ҳудуди вилояти Суғд, бо мақсади боз ҳам дурусту самаранок роҳандозӣ кардани фаъолиятҳо, ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба, беҳтар намудани корбарӣ ва дигар масъалаҳои муҳим пешниҳоду дархостҳои худро манзур намуданд.
🔶️Дар идома аз ҷониби аъзоёни раёсат ва иштирокиёни ҷаласа масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис ба монанди Гузориш оид ба иҷрои нақшаи молиявии Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар соли 2023, Тасдиқи Нақшаи кории Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд барои соли 2024, Тасдиқи Нақша-чорабиниҳои Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои соли 2024, Тасдиқи Лоиҳаи буҷети Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд барои соли 2024, тасдиқи фармоишҳои Котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд ва ғайра баррасӣ карда шуда баъди музокираҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
⭕️Ҳамзамон бо иштироки ҳозирин, махсусан аъзои раёсати Филиал масъалаи баланд бардоштани маоши вазифавии кормадони Филиали вилоятӣ баррасӣ гардид. Котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода зикр намуд, ки дар пайравӣ ба иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ маоши кормандони сохторҳои гуногуни давлатиро зиёд намуданд, Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд ҳам тасмим гирифт то маоши кормандонро 50% баланд бардорад. Дар ин росто аз аъзоёни раёсат ва намояндаи ДИ КМ ҶҲАТ даъват ба амал оварда шуд, ки ин пешниҳод аз ҷониби роҳбарият дар доираи имкониятҳои мавҷуда дастгирӣ карда шавад.
✅️Дар интиҳои ҷаласа ёрдамчии котиби генералии ҶҲАТ Нуралӣ Одинаев суханронӣ намуда аз нишондиҳандаҳои фаъолият дар давоми соли 2023 анҷомшуда натиҷагирӣ намуд. Аснои суханрониҳо аз бурду бохти Филиалҳои шаҳриву ноҳиявии ҶҲАТ дар вилояти Суғд ҳарф зада шуда барои пешбурди фаъолиятҳои Оинномавӣ ва иҷроиши назарраси онҳо дар соли 2024, инчунин ҳаллу бартараф намудани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта маслиҳату тавсияҳои судманд дода шуд.
📄Баъди баррасии ҳамаи масъалаҳои гузошташуда, қабули қарорҳои дахлдор ва музокираҳо маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар давоми соли 2023 ба анҷом расид.