Санаҳои 16-17 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе тибқи нақшаи кории Лоиҳаи “Амал дар асоси пешгӯӣ – солҳои 2019-2021”бо дастгирии молиявии Салиби Сурхи Олмон Нишаст дар мавзӯи “Сабақҳои омӯхташуда” дар муддати солҳои 2019-2020 бо иштироки кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ), Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ ва МГ ҶТ),Агентии обуҳавошиносӣ ва намояндагии РЕАКТ баргузор гардид.
Дар он намояндагони бахшҳои ҶҲАТ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Зафаробод, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Рашт, Лахш, Шаҳритуз ва Носири Хусрав ширкат намуданд.
Дар оғози нишаст муовини якуми Котиби генералии ҶҲАТ Нурулло Файзализода, мушовири лоиҳа аз КҲФ ва МГ ҶТ полковник Фирдавс Ҳакимов, ҳамоҳангсози лоиҳа аз Салиби Сурхи Олмон Сарафроз Мавлонов сухан карда, оид ба ҳадафи қабул ва натиҷаҳои назарраси амалишавии Лоиҳаи “Амал дар асоси пешгӯӣ – солҳои 2019-2021” ибрози андеша намуданд.
Намояндаи котиботи гурӯҳи РЕАКТ Шаҳло Раҳимова тавассути проектор корҳои дар давоми ду сол (2019-2020)-и амалишавии лоиҳа ба сомонрасидаро бо намоиш додани аксҳо ва ҷадвалу харитаҳо маълум намуд.
Ҳамоҳангсози лоиҳа аз Кумитаи марказии ҶҲАТ Умедалӣ Сайдуниев оид ба чорабиниҳои мухталифи дар доираи ин лоиҳа ташкил ва гузаронидашуда маълумот дод.
Мувофиқи барномаи нишаст, кормандони бахшҳои ҶҲАТ дар ҳамдастӣ бо намояндагони КҲФ ва МГ ҶТ оид ба фаъолияти ба анҷомрасида (тақсими маводҳои иттилоотӣ, тахтаҳои ахборотӣ, кондитсионерҳо ва маводҳои ғайрихӯрока, оби тозаи ошомиданӣ) ба таври презентатсия баромад карданд.
Намояндаи Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Исломҷон Бобоев дар бобати сабақҳои омӯхташуда, бахусус расонидани кӯмаки беғаразона ба оилаҳои ноҳияи Зафаробод дар намуди оби тозаи ошомиданӣ дар рӯзҳои гармии аз ҳад баланд ё худ ғайримуқаррарии фасли тобистон, тақсимоти ройгони кондитсионерҳо ба Беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Ашт, ҳамзамон чорабинии доиршудадар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷандбахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, ки ҳамасола санаи 13-уми октябр таҷлил карда мешавад, моҳи октябри соли равон ташкил ва гузаронидани Озмуни эҷодӣ дар байни шаҳрвандон бо ҳадафи баланд бардоштани маърифатнокӣ ва сатҳи огоҳии мардум дар бораи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ баромад намуд.
Ҳамин тавр,намояндагони бахшҳои ҶҲАТ ва КҲФ ва МГ ҶТ дар вилояту минтақаҳои дигари кишвр доир ба рафти амалишавии лоиҳа фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Амалишавии Лоиҳаи “Амал дар асоси пешгӯӣ – солҳои 2019-2021” дар давоми соли минбаъда низ бо дастгирии молиявии Салиби Сурхи Олмон идома хоҳад ёфт.