Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барномаи Огоҳсозӣ аз хатари минаро дар 23 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Дар чорчӯбаи ин барномаи ҳамкорӣ, КБСС ба ҶҲАТ дастгирии техникӣ ва пулӣ мерасонад. Омӯзишҳо оиди хатари мина ва амали бехатар мунтазам аз ҷониби 38 волонтери омӯзонидашудаи ҶҲАТ миёни 23 ноҳияи мақсаднок оиди қоидаҳои бехатарии рафтор байни ҷомеа (50% мактаббачагон) гузаронида мешаванд. Илова бар ин, КБСС бо ҳамоҳангсози барномаи огоҳсозӣ аз хатари мина, ки дар кумитаи марказии ҶҲАТ ҷойгир аст, ҳамкории зичч дорад. Барномаи огоҳсозӣ аз хатари мина ҳамасола тақрибан 30 000 аҳолиро дар ноҳияҳои мақсаднок дар бар мегирад.