Озмуни расми беҳтарин ва иншо дар минтақаи Бохтар

0
130

Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аoмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар минтақаи Бохтар мувофиқаи нақшаи барномаи «Огоҳкуни аҳолӣ аз хатари минаҳо бахшида ба моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар моҳи май байни ҳашт муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмуни расми беҳтарин ва иншо дар мавзуи хатари минаҳо бо маблағгузории Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх гузаронида шуд.
Дар озмун толибилмони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, донишу малакаи худро доир ба иттилорасонии аҳолӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ санҷиданд.
Бояд тазакур дод, ки баландбардоштани сатҳи дониши мактаббачагон оид ба хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ равона шуда буд. Дар озмуни мазкур 230 нафар иштирок намуда, истеъдоди худро санҷиданд. Барои ҳавасманд гардонидани ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравӣ харидорӣ карда шуда, тақдим карда шуд, ки ин боиси боз ҳам зиёдтар ҳавасмандии толибилмон ва паҳншудани маълумот оиди қоидаҳои рафтори бе хавф вобаста ба хатари минаҳо ва лавозимотҳои нотаркидаи чангӣ мегардад.