Озмуни расми беҳтарин оид ба ҲФ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ноҳияи Тоҷикобод

0
540

Дар таърихи 2-3-юми марти соли 2023 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар доираи барномаи “Тақвияти иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аз заминларза ва офатҳои табиӣ осебпазири Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Бюрои кӯмакҳои башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ мешавад ва дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Кӯдакони Созмони миллали муттаҳид дар муассисаи таҳсилоти умумии №4 ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади санҷидани сатҳи омодагии хонандагони ба офатҳои табиӣ озмуни расми беҳтаринро баргузор намуд.

Дар чорабинии мазкур 100 мактаббача, 10 омӯзгор, намояндаи КҲФ ва МГ ва директори муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Дар озмун дониш/маҳорат/тавоноии кӯдакон,наврасон/ ҷавонон оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз тариқи кашидани расми беҳтарин санҷида шуд. Мактаббачагон дар озмун фаъолона иштирок намуданд ва дар охир иштирокчиёни фаъол, ки дар мавзӯъҳои дар боло зикршуда расми беҳтаринро кашиданд, сазовори тӯҳфаҳо гардиданд.