Озмуни тендерии таъмини маводу таҷҳизотҳо

0
112

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ), ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерии таъмини маводу таҷҳизотҳо аз тарики иштироки номаҳдуд, ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хоҳишмандро аз рӯи як лот, ки аз тарафи шарикони рушд, тибқи таснифотҳои зерин даъват менамояд:

Аз рӯи лоиҳаи «Сафарбаркунии ҷомеа оид ба эмгузаронии COVID-19»:

Лот 1: Семинари дурӯза бо иштироки кормандони ҶҲАТ ва намояндагони мақомотҳои дахлдори давлатӣ.

Барои иштирок дар озмуни тендерии навбатӣ таклифи расмӣ дар хусуси иштирок дар озмунҳои тендерии баргузоршаванда, нусхаи ҳуҷҷатҳо аз қабили; сертификат оид ба бақайдигирии расмӣ дар мақомоти давлатӣ, маълумотнома аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё зерсохторҳои он дар хусуси ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ баромад намудан, инчунин мавҷуд набудан дар рўйхати ба сифати қарздор ё бемасъул дар назди дигарон (дорои иҷозатномаи дахлдор будани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ) лозим аст.

Талаботҳои дар боло овардашуда, шартҳои асосии озмуни тендерии баргузоршаванда ба ҳисоб меравад.

Барои гирифтани маълумот ва таснифотҳои асосӣ ва иловагӣ хоҳишмандон метавонанд дар ҳудуди соатҳои корӣ бо рақамҳои телефони 224-42-85 занг зананд ё тариқи расмӣ бо суроғаи; шаҳри Душанбе кӯчаи У. Хайём, 120 бо унвонии «Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон», шуъбаи таъминоти моддию техникӣ муроҷиат намоянд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон пурра ва қисман таклифҳое, ки нархҳои пешниҳодшуда нисбатан паст нишондода мешаванд, қобили қабул намешуморад.

Муҳлати охирони пешниҳоди қуҷҷатҳо: то 28 майи соли 2024, соати 09.00 бо вақти Душанбе муайян карда мешавад.

Қаблан барои иштирокатон, Ташаккур мегӯем.