Озмуни тендерии таъмини маводу таҷҳизотҳо

0
683

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (минбаъд ҶҲАТ), ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерии таъмини маводу таҷҳизотҳо аз тариқи иштироки номаҳдуд, ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хоҳишмандро аз рӯи якчанд лот, ки аз тарафи шарикони рушд, Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе, Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятњои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Иттиҳоди Аврупо, UNICEF ва USAID маблағгузорӣ шудааст, тибқи таснифотҳои зерин даъват менамояд:

Аз рӯи лоиҳаи «ЮСАИД оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ»:

Лоти 1: Гузаронидани аудити фаъолияти молиявии лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ барои давраи 1 октябри соли 2020 то 30 сентябри соли 2022.

Аз рӯи лоиҳаи «Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳрони гуманитарӣ ва тандурустӣ» (ECHO PPP):

Лоти 2: Таҳия ва чопи маводҳои иттилоотӣ;

Лоти 3: Ташкил ва таъмини шароитҳои зарӯрӣ ҷиҳати баргузории семенару тренингҳо дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

Лоти 4: Таҷҳизот ва либосаи махсус (униформа) барои аъзоёни кумитаҳои маҳал оид ба ҳолатҳои фавқулода ва гурӯҳҳои миллии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода.

Аз руи Лоиҳаи “Омодагӣ ба воридшавии эҳтимолии гурезагон (Emergency Appeal: MDR65006, Population Movement)” бо маблағгузории Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар;

Лоти 5: Насби рафъҳои оҳанин (стеляжи) дар анбори марказии ҶҲАТ;

Лоти 6: Таъмиру тармими дафтари кории филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон;

Лоти 7: Таъмиру тармими дафтари кории филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон;

Лоти 8: Таъмиру тармими маркази идоракунию иттилоотии изтирорӣ ва утоқҳои кории шуъбаи ҲФ дар ДИ КМ ҶҲАТ;

Лоти 9: Насби таҷҳизтҳои зиддисухтор дар анбори марказии ҶҲАТ;

Лоти 10: Ташкил намудани маркази идоракунию иттилоотии изтирорӣ дар сатҳи минтақавӣ (таҷҳизотҳои мебелӣ ва турникет);

Лоти 11: Таъмини қуттиҳои ёрии аввал;

Лоти 12: Таҳия ва чопи маводҳои иттилоотӣ;

Лоти 13: Ташкил ва таъмини шароитҳои зарӯрӣ ҷиҳати баргузории семенар барои аъзоёни ГМВҲФ.

Аз рӯи лоиҳаи «DREF Operation»:

Лоти 14: Таъмини маводҳои ғайриозуқаворӣ;

Лоти 15: Таҳия ва чопи маводҳои иттилоотӣ;

Лоти 16: Таъмини бастаҳои гигиенӣ;

Лоти 17: Ташкил ва таъмини шароитҳои зарӯрӣ ҷиҳати баргузории семенар;

Лоти 18: Боркашонии маводҳои ғайриозуқавори дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барои иштирок дар озмуни тендерии навбатӣ таклифи расмӣ дар хусуси иштирок дар озмунҳои тендерии баргузоршаванда, нусхаи ҳуҷҷатҳо аз қабилӣ: сертификат оид ба бақайдигирии расмӣ дар мақомоти давлатӣ, маълумотнома аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё зерсохторҳои он дар хусуси ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ баромад намудан, инчунин мавҷуд набудан дар рўйхати ба сифати қарздор ё бемасъул дар назди дигарон (дорои иҷозатномаи дахлдор будани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ) лозим аст.

Талаботҳои дар боло овардашуда, шартҳои асосии озмуни тендерии баргузоршаванда ба ҳисоб меравад.

Барои гирифтани маълумот ва таснифотҳои асосӣ ва иловагӣ хоҳишмандон метавонанд дар ҳудуди соатҳои корӣ бо рақамҳои телефони 224-42-85 занг зананд ё тариқи расмӣ бо суроғаи; шаҳри Душанбе кӯчаи У. Хайём, 120 бо унвонии «Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон», Шуъбаи таъминоти моддию техникӣ муроҷиат намоянд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон пурра ва қисмани таклифҳое, ки нархҳои пешниҳодшуда нисбатан паст нишондода мешаванд, қобили қабул намешуморад.

Мӯҳлати ахири пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: то 12 октябри соли 2022, соати 09.00 бо вақти Душанбе муайян карда мешавад.

Қаблан барои иштирокатон, Ташаккур мегӯем.