Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (минбаъд ҶҲАТ), ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерии таъмини хизматрасониҳои молиявӣ аз тариқи иштироки номаҳдуд, ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ дорои иҷозатномаи махсуси хоҳишмандро аз рӯи якчанд лот, ки аз тарафи шарики рушд Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тибқи таснифоти зерин даъват менамояд:
- Лоти 1: Бастани шартнома бо таъминкунандагони хизматрасонии молиявӣ барои расонидани кӯмакҳои нақдӣ ва ваучерӣ
Мавзӯи тендер: бастани шартномаи дарозмуддат бо провайдерҳои хидматрасонии молиявӣ ва расонидани кӯмаки нақдӣ ва ваучерӣ ба табақаҳои осебпазиртарини аҳолӣ.
Мақади тендер: интихоби шарики боэътимод, ки метавонад ба мо шароити рақобатпазир ва сатҳи баланди хидматрасониро дар соҳаи муомилоти молиявӣ пешниҳод кунад, инчунин барои ба роҳ мондани ҳамкории дарозмуддат ва муфид бо муассисаҳои таҷрибадори бонкие, ки метавонанд доираи васеи хизматрасониҳои молиявиро пешкаш намоянд.
Барои гирифтани маълумот ва таснифотҳои асосӣ ва иловагӣ хоҳишмандон метавонанд дар ҳудуди соатҳои корӣ бо рақамҳои телефонии 2-24-42-85/406012222 занг зананд ё ба суроғаи электронии – fitrat_98@mail.ru/dalersafaralizoda@mail.ru муроҷиат кунанд. Дар ҳолати муроҷиати расмӣ суроғаи мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи У.Хайём 120 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон. Мо омода ҳастем, ки ба шумо тамоми маълумот ва роҳнамоии заруриро пешниҳод кунем.
Мӯҳлати охири пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 29 апрели соли 2024, соати 12:00 бо вақти Душанбе.
Қаблан барои иштирокатон Ташаккур мегӯем.