Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ), ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерии харид аз тарики иштироки номаҳдуд, ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хоҳишмандро аз рўи 2 лот, ки аз тарафи шарики рушд, аз рўи лоиҳаҳои «Суръат бахшидани фаъолиятњои маҳаллӣ дар шароити буҳрони гуманитарӣ ва тандурустӣ» ва «фондрайзинг», аз ҷониби Салиби Сурхи Олмон ва Федератсияи Байналмиллалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дастгири меёбанд.
Аз рўи лоиҳаи «Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳрони гуманитарӣ ва тандурустӣ» (ECHO PPP):
Лоти 1: Пешкаш намудани хизматрасонии машварати ислоҳоти қонунгузорӣ дар бахши офатҳои табиӣ.
Аз рўи лоиҳаи «Фондрайзинг»:
Лоти 2: Таҳияи континентҳои рақамӣ, ҷойгиркунонии видеоҳои таблиғӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва ғайра фаъолиятҳои вобаста ба он, (тафсилоти бештар дар таснифоти алоҳида).
Барои иштирок дар озмуни тендерии навбатӣ таклифи расмӣ дар хусуси иштирок дар озмунҳои тендерии баргузоршаванда, нусхаи ҳуҷҷатҳо аз қабилӣ сертификат оид ба бақайдигирии расмӣ дар маќомоти давлатӣ, маълумотнома аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё зерсохторҳои он дар хусуси ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ баромад намудан, инчунин мавҷуд набудан дар рўйхати ба сифати қарздор ё бемасъул дар назди дигарон (дорои иҷозати дахлдор будани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ) лозим аст.
Талаботҳои дар боло овардашуда, шартҳои асосии озмуни тендерии баргузоршаванда ба ҳисоб меравад.
Барои гирифтани маълумот ва таснифотҳои асосӣ ва иловагӣ хоҳишмандон метавонанд дар ҳудудӣ соатҳои корӣ бо рақамҳои телефони 224-42-85 занг зананд ё тариқи расмӣ бо суроғаи; шаҳри Душанбе кўчаи У. Хайём 120 бо унвонии «Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон», Шуъбаи таъминоти моддию техникӣ муроҷиат намоянд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон пурра ва қисмани таклифҳое, ки нархҳои пешниҳодшуда нисбатан паст нишондода мешаванд, қобили қабул намешуморад.
Муҳлати охири пешниҳоди ҳуҷҷатњо: то 7 ноябри соли 2023, соати 09.00 бо вақти Душанбе муайян карда мешавад.
Қаблан барои иштирокатон, Ташаккур мегўем.